Ҷанги Украина, бузургтарин шикасти сиёсати хориҷии Ғарб

Вазири хориҷаи собиқи Британия ҷанги ҷорӣ дар Украинаро бузургтарин шикасти сиёсати хориҷӣ ва амниятии Ғарб донист.

Ҷерм Ҳонт, вазири хориҷаи собиқи Британия мегӯяд ҷанг дар Украина бузургтарин шикасти сиёсати хориҷӣ ва амниятии Ғарб дар тули зиндагии мо буд ва ба ҷой сулҳ аз тариқи қудрат, мо ҷангро аз тариқи заъф эҷод кардем.

Ҳонт тавсея мекунад Британия то 10 соли оянда будҷети “Дифоъи ва қудрати нарм”-ро ба ҳаддиақал 4 дарсад тавлиди нохолиси дохилии кишвар афзоиш диҳад.

Ба гуфтаи коршиносон барои ин ки Британия бо сатҳи ҳазинаҳои дифоъии Амрико баробарӣ кунад, бояд даҳҳо миллиард фонд-стерлинг барои нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвари аврупоӣ ҷудо кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад