Ҳалокати 9 саҳюнист дар ҳамалоти мушакӣ ба пойгоҳҳои Моссад дар Арбил

Манобеъи ироқӣ аз ҳалокати 9 саҳюнист дар ҳамалоти мушакӣ ба пойгоҳҳои Моссад дар Арбили Ироқ хабар доданд.

2 пойгоҳи Созмони иттилоъот ва амалиёти вижа- “Моссад”-и режими саҳюнисти бомдоди имрӯз дар Арбили Ироқ ҳадафи мушак қарор гирифт.

Ба нақл аз хабаргузории “Меҳр” манобеъи хабарии Ироқ эълон карданд дар ин ҳамалот бархе аз неруҳои вобаста ба режими саҳюнистӣ кушта ва ё захмӣ шуданд.

Ин манобеъи ироқӣ номи 9 афсари саҳюнистиро, ки дар ин ҳамалот ба ҳалокат расиданд мунташир карданд.

Ҳамчунин расонаҳо аз оташсузӣ дар пойгоҳи низомии Амрико наздики фурудгоҳи Арбил хабар доданд.

Занги хатар дар консулгарии Амрико дар Арбил низ ба садо даромад.

Теъдоди зиёде аз ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ аз бомдоди имрӯз дар ҳоли парвоз дар осмони Арбил ҳастанд ва ҳамлу нақли ғайринизомии ҳавоӣ низ дар ин минтақа мутавақиф шуда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад