Эрон мизбони ҳайати низомии Тоҷикистон

Ҳайати олирутбаи низомии Тоҷикистон аз донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид карданд.

Ҳайати олирутбаи низомии Тоҷикистон аз донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид карданд.

Ба гузориши манбаъ :

Ҳайати олирутбаи низомии Тоҷикистон ба сарпарастии генерал Абдулалим Расулзода, муъовини раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи ин кишвар субҳи имрӯз аз донишгоҳи фаромндеҳӣ ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид карданд.

Ин боздид ба манзури афзоиши ҳамкориҳои омӯзишиӣ байни артишҳои ду кишвар анҷом шуд.

  • Генерал Ҳусайн Валиванд, фармондеҳи донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиш дар ин дидор робитаи Эрон ва Тоҷикистонро бисёр мустаҳкам донист ва гуфт: Робитаи ду кишвар як иртиботи вижа ва пайванд миёни кишвари Эрон ва Тоҷикистон бар мабнои иштирокоти фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ аст ва ин пайванд ҳеҷ гоҳ гусаста нахоҳад шуд.
  • Генерал Валиванд гуфт: Ин донишгоҳи артиш аз қадимитарин донишгоҳҳои Эрон аст, ки донишҷуёни низомии дараҷаҳои миёна ба боло ҳамасола ҷиҳати гузарондани давраҳои илмӣ ва амалӣ дар он ҳузур пайдо мекунанд ва мо алоқа дорем дар заминаи табодули донишҷуёни низомӣ бо Тоҷикистон иртиботи ҳасана дошта бошем.
  • Генерал Абдулалим Расулзода, сарпарасти гуруҳи эъзомӣ ва муъовини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ дар ин дидо гуфт: Мо Ҷумҳурии Исломии Эронро дуст ва бародари худ медонем ва дар ин кишвар эҳсоси ғарибӣ надорем, дар заминаи табдули донишҷу барномаҳое пешбини шуда аст, ки умедворем ҳарчи зудтар иҷро шавад.

Аъзои ҳайати низомии Тоҷикистон дар идома аз раванди омӯзиши донишҷуён ва дигар маконҳои донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиш боздид карданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Тоҷикистон ва Эрон талош доранд ҳамкориҳоро дар бахши саноати нафту газ густариш диҳанд.

Ҷаводи Авҷӣ, вазири нефти Эрон гуфтааст, ки кишвараш омода аст ба Тоҷикистон дар бахши коркард ва дарёфти чоҳҳои нафту газ ба Тоҷикистон кумак кунад.

Номбурда ин нуктаро пас аз дидор бо Далер Ҷемъа, вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон изҳор доштааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати нефти Эрон.

Вазорати нефти Эрон гуфтааст бо таваҷҷуҳ ба зарфият ва тавонмандиҳе, ки дар заминаи истихроҷ, кашф ва баҳрамандӣ аз майдонҳои нефт ва газ ва коркарди нефту газ дар полойшгоҳҳо ва дар ҳоли ҳозир маҳсулоти саноъати кимиё дорад, эъломи омодагӣ барои кумак кардааст.

Авҷӣ афзудааст, ки тавофуқҳои хуб ҳам дар ин заминаҳо бо ҷониби Тоҷикистон доштаанд

Номбурда бо баёни ин кин Эрон дар бахши тавсеаи майдонҳои нефт ва гази Тоҷикистон мушорикат хоҳад кард, гуфт: “Дар пай матраҳ шудани дархости бозсозӣ ва навсозии полойшгоҳҳои нефти ин кишвар Эрон бо такя ба тавонмандиҳои ширкати миллии полойш ва пахши фаровардаҳои нефтӣ дар саноати полойш ба зудӣ гуруҳҳои фании худро ба кишвари дуст ва бародари Тоҷикистон эъзом мекунад то тавофуқҳо дар заминаҳои энергетика, нефт, газ ва саноати кимиё иҷроӣ шавад”.

Ӯ бо ишора ба беҳбуд ва тавсеаи равобит гуфт, ки сатҳи мубодилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистонродар назар аст ба беш аз 500 миллион евро бирасонем.

Ба гуфти Авҷӣ зимин музокироти бо вазири энергетикаи Тоҷикистон дар мавзӯи омӯзиш дар ҳавзаи энергетикаи Тоҷикистон матолиби хуб матраҳ шуд, ки ширкати миллии нефти Эрон ҳам дар ин бора эъломи омодагӣ кард.

Далер Ҷумъа, вазири энергеика ва захоири обии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаҳои Эрон дар заминаҳои иктишоф ва тавлиди нефт ва газ хостори такмили кормандон ва ҳамкории густурдатар дар ин умур ҳастанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад