Туркия аз таҳримҳо алайҳи Русия даст кашид

Дар Вазорати умури хориҷаи ин кишвар қайд намуданд, ки Анқара қасди ҳамроҳ шудан ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав надорад

Туркия расман таҳримҳои зидди Русияро лағв кард. Дар ин бора Вазири умури хориҷаи Туркия, Мавлуд Чавушӯғлӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, маҳдудиятҳое, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Маскав ҷорӣ кардаанд, ба ҳалли мушкилоти кунунӣ мусоидат намекунад.
“Мавқеъи мо ошкор ва равшан аст: таҳримҳо мушкилотро ҳал карда наметавонанд”.
Айнан чунин мавқеъро қаблан Чин ҳам изҳор дошта буд. Ванг Венбин, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин таъкид карда буд, ки бархе маҳдудиятҳо хилофи қонунҳои байналмилалӣ ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба далели амалиёти вижа барои ҳифзи Донбасс, ки аз 24 феврал ба ин сӯ идома дорад, алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд.
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, Маскав ба маҳдудиятҳои шадид омода шудааст. Ӯ гуфт, Русия аллакай дар чаҳорчӯби манфиатҳои худ чораҳои ҷавобӣ омода кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад