Трамп: Авзоъ дар “Украина” бадтар хоҳад шуд

Раиси ҷумҳури собиқи Амрико зимни интиқод аз рӯйкард ва амалкарди давлати феълии ин кишвар эълом кард, ки шароити феълии Украина мумкин аст заминасози бурузи ҷанги ҷаҳонии сеюм гардад.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, “Доналд Трамп”  раиси ҷумҳури пешини Амрико дар ҷамъи ҳаводорони худ дар иёлати “Каролинаи Ҷанубӣ” эълом кард, ки авзоъи Украина метавонад ба як даргирии ҷаҳонӣ табдил шавад зеро «касе нест», ки бо раҳбарии Русия суҳбат кунад.

Трамп дар ин бора гуфт: ин масаъла метавонад ба ҷанги ҷаҳонии сеюм мунҷар шавад, ман мебинам, ки чӣ иттифоқе дар ҳоли рух додан аст. Зеро агар фикр кунед, ки Путин мутаваққиф мешавад (дар иштибоҳед) ва авзоъ бадтар ва бадтар хоҳад шуд ва мо касеро надорем, ки бо ӯ суҳбат кунем, қаблан чунин шахсеро доштем, ман. Ҳечкас ба андозаи ман бо Русия хашин набуд.

Вай афзуд, ки шахсияти ӯ Иёлоти Муттаҳидаро аз даргириҳои ҷаҳонӣ дур нигаҳ дошта аст ва на баракс, онтавр, ки мухолифонаш мегӯянд.

Раиси ҷумҳури пешини Амрико идома дод, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин бояд «аз шарри ташкилоти пӯсида ва шикастхӯрдаи сиёсати хориҷӣ» дар кишвар халос шавад. Трамп гуфт: то инки ин хобгардҳо моро ба нобудӣ ва ҷанги ҷаҳонии сеюм расонданд.

Ба гуфтаи вай, алорағми заъф, буздилӣ ва нотавонии “Ҷо Байден” раиси ҷумҳури кунунии Амрико, ҳануз роҳе барои ҳалли дипломатики ин вазъият вуҷуд дорад.

Трамп афзуд, ки Иёлоти Муттаҳида бояд барои раҳбарии Русия равшан кунад, ки «ду интихоб дорад; ё ҳамин алон музокираи сулҳ кунад ё паёмадҳои муҳиммӣ дар кор хоҳад буд».

Раиси ҷумҳур пешин гуфт, ки ин кишвар бояд ба фикри халосии комил аз вобастагӣ ба Русия дар бахши энержӣ «барои ҳамеша ё барои муддати тулонӣ» бошад.

Трамп дар поён гуфт, ки Амрико таҳти идораи як давлати Демократ, дигар дар ҷаҳон мавриди эҳтиром қарор нагирифта аст.

Гуфтанӣ аст, ки Русия дар 24 феврал амалиёти низомии худро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия ҳадафи ин иқдомро «ҳифозат аз афроде ки ба муддати ҳашт сол тавассути режим Киев дар маърази қулдурӣ ва насл кашӣ қарор гирифтаанд», номид. Ҳамчунин ин иттифоқ пас аз он рух дод, ки Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ҳозир ба ироаи тазминҳои амниятӣ ба Маскав нашуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад