Таъсири пандемияи ба иқтисоди Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ аз хисороти бузурги густариши (пандемияи) вируси корона ба иқтисоди Тоҷикистон хабар дод.

Бонки Ҷаҳонӣ аз хисороти бузурги (пандемияи) густариши вируси корона ба иқтисоди Тоҷикистон хабар дод.

Дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба номи “” мунташир шуд, аз таътили марказҳои тавлидӣ ва тиҷорӣ, коҳиши фаъолиятҳои бахши хусӯсӣ, коҳиш даромад аз интиқоли пули коргарони муҳоҷир ва уфти мизони сармоягузорӣ дар тарҳҳои зербиноӣ ёд мешавад, ки ношӣ аз таъсири мустақими густариши ин беморӣ мебошад.

Суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол ба 4,2 дарсад расидааст дар ҳоле, ки ин нишондиҳанда соли 2019 наздик ба 7,2 дарсад буд.

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфта шудааст :

“Агар дар муддати 9 моҳи имсол тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон афзоише дошта бошад, танҳо аз ҳисоби содироти сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо, фулузоти рангӣ ва маводи маъданӣ муяссар шудааст”.

Ҳамчунин дар гузориши ин бонк таъкид шудааст, ки дар соли 2020 ба далели коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ дар Тоҷикистон мизони фақр афзоиш хоҳад ёфт.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Раиси утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ва намояндаи доими Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар дар мавриди густариш ва тақвияти бахши хусусӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши манбаъ :

Бонки Ҷаҳонӣ ҳамвора вазъият ва амалкарди бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро зери назар дошта аст. Ин ниҳоди байналмиллалӣ 4 феврали соли 2021 дар гузорише молиётро муҳимтарин мушкили бахши хусусӣ дар Тоҷикистон унвон кард.

  • Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2020 Тоҷикистонро аз назари дарёфти молиёт дар ҷойгоҳи 139 ҷаҳон қарор дод. Ин ба он маъно аст ки Тоҷикистон дар қиёс бо аксари қариб ба иттифоқи кишварҳои ҷаҳон барои фаъолиятҳои иқтисодӣ молиёти зиёд дарёфт мекунанд.
  • Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Ҷамшед Ҷумъахонзода раиси утоқи Бозаргони ва саноати Тоҷикистон ва Озон Сумилӣ, намояндаи доими Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон роҳҳои ҳимоят аз бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ин кишварро барраси карданд.
  • Сумилӣ аз талоши утоқи бозаргони ва саноати Тоҷикистон барои ҳимоят аз бахши хусусӣ ибрози хурсандӣ кард ва гуфт: Тавсеаи бахши хусусӣ дар ҳамаи кишварҳои пешрафта дар авлавият қарор дорад ва Душанбе низ барои ин ҳавза аҳамияти ҷиддӣ қоил аст.

Дар поён ҳар ду тараф ба ҳамкории бештар бо ҳадафи тавсеаи бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ибрози тамоюл карданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад