Толибон: Тавофуқномаи мудирияти фурудгоҳи Кобул бо Туркия ба зудӣ имзо мешавад

Яке аз аъзои аршади гуруҳи Толибон, ки дар нишасти Анталия ҳузур дорад дар ҳошияи дидори Амирхони Муттақӣ бо Мавлуд Човуш Уғлу гуфт, ки ба зудӣ тавофуқномаи мудирияти фурудгоҳи Кобул бо Анкара имзо хоҳад шуд.

 

Яке аз аъзои аршади гуруҳи Толибон, ки дар нишасти Анталия ҳузур дорад дар ҳошияи дидори Амирхони Муттақӣ бо Мавлуд Човуш Уғлу гуфт, ки ба зудӣ тавофуқномаи мудирияти фурудгоҳи Кобул бо Анкара имзо хоҳад шуд.

Ба гузориши хабарнигори сайти Афғонистон, вазорати хориҷаи Толибон, эълом кард “Амирхон Муттақӣ”, дар ҳошияи нишасти Анталия, бо “Мавлуд Човуш Уғлу” вазири хориҷаи Туркия дидор ва дар бораи чигунагии мудирияти фурудгоҳи Кобул ва дигар фурудгоҳҳои байналмилалии Афғонистон гуфтугӯ кардаанд.

Амирхон Муттақӣ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз ҳамкориҳои Туркия дар бахшҳои мухталиф, бар тавсеаи равобити дуҷониба таъкид кард.

Вазорати хориҷаи гуруҳи Толибон ҳамчунин эълом кард, ки тавофуқ бар сари мудирити фурудгоҳи Кобул ҳануз ниёз ба баҳс дорад ва умедвор аст ҳарчӣ зудтар дар гуфтугӯ бо Туркия ва Қатар, заминаи имзои ин тавофуқнома фароҳам шавад.

Бо ин ҳол Мулло Хайруллоҳ сарпарасти вазорати иттилооти ва фарҳанги Толибон, ки дар нишасти Анталия ҳузур дорад, дар гуфтугӯ бо расонаҳҳои Туркия аз имзои тавофуқнома рӯи мудирияти фурудгоҳи Кобул бо Туркия дар ояндаи наздик хабар дод.

Мулло Хайруллоҳ, ҳамчунин афзуд, ки Толибон дар остонаи тавофуқ бо Туркия ва Қатар буда ва ба зудӣ тавофуқномаи мудирияти фурудгоҳи Кобул ба сурати расмӣ имзо хоҳад шуд.

Фурудгоҳи Кобул аз муҳимтарин масирҳои иртиботӣ бо ҷаҳон аст, ки аз хуруҷи Амрико ва суқути давлати Афғонистон токунун ба сӯрати комил бар фаъолиятҳои худ оғоз накарда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад