Амрико омили бадбахтии мардуми Афғонистон шудааст

Раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон ҳузури бистсолаи низомиёни амрикоӣ дар он кишварро омили ақибмондагӣ ва бадбахтии мардуми кишвараш донист.

Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон, ба ин кишвар ҳамла карданд ва ин ишғолгарӣ боиси ҷанг, даргирӣ ва нобудии зербиноҳои иқтисодии Афғонистон шудаву ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир ҳам афзоиш ёфтааст.

Дар ниҳоят низомиёни террористи амрикоӣ пас аз 20 сол ишғолгарӣ, авохири моҳи августи соли 2021 бо хиффату шикаст аз Афғонистон хориҷ шуданд.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории «Садои афғон» (Ово), Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон гуфт, Амрико бо ҳузури низомиаш дар 20 соли гузашта дар Афғонистон боиси дарди сари азиме барои мардуми Афғонистон шудааст.

Карзай афзуд, амрикоиҳо бо шиори мубориза бо терроризм ба Афғонистон ҳамла карданд, аммо баръакс шуд, зеро аз террористҳо ҳимоят карданд.

Раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон ҳамчунин тахсиси бахше аз дороиҳои Афғонистон ба қурбониёни ёздаҳуми сентябр аз тарафи Амрикоро ғайриодилона, золимона ва нодуруст хонд ва гуфт, Амрико бояд ин дороиҳоро ба мардуми Афғонистон баргардонад.

Ҳамакнун Афғонистон ба далели таҳримҳо ва мусодираи дороиҳои ин кишвар аз тарафи Амрико, бо буҳрони инсонӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад