Интиқоди Иттиҳоди Аврупо аз шомилшавияш ба ғайридӯстони Русия

Иттиҳоди Аврупо, ки аъзояш ба феҳрасти кишварҳои ғайридӯсти Русия шомил шудаанд, вокуниш нишон дод.

Питер Стано, намояндаи расмии хадамоти умури хориҷии ИА изҳор доштааст, ки Иттиҳоди Аврупо нашри рӯйхати кишварҳои ғайридӯсти Русияро маҳкум месозад.
Стано дар суҳбат бо РИА Новости изҳор доштааст: “Иттиҳоди Аврупо нашри рӯйхати кишвару қаламравҳоеро дар нисбати Русия аъмоли ғайридӯстона мекунанд, маҳкум мекунад”.
Манбаъ афзуд, ки Иттиҳоди Аврупо паёмадҳои ин тасмими ҳукумати Русияро меомӯзад.
Ҷопон низ ба Русия нотаи эътирозӣ фиристод, изҳор дошт Хирокадзу Матсуно, дабири кулли ҳукумати ҷопонӣ. Ба иттилои Матсуно, дар ёддошт ҷониби Токио аз он эътироз кардаст, ки Маскав Ҷопонро ба феҳрасти кишварҳои ғайридӯст ворид кардаст.
Ин эътирозҳо дар ҳолеянд, ки ахиран Маскав рӯйхати кишвару қаламравҳои ғайридӯстро тасдиқ кард, ки дар нисбати Русия ва ширкату шаҳрвандонаш амалҳои номатлуб анҷом додаанд.
Ба ин рӯйхат аз ҷумла Австралия, Албания, Андорра, Бритониёи кабир, Гибралтар, давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Исландия, Канада, Лихтенштейн, Микронезия, Монако, Зеландияи нав, Норвегия, ҷумҳурии Корея, Сан-Марино, Македонияи шимолӣ, Сингапур, ИМА, Тайван, Украина, Черногория, Швейтсария ва Ҷопон шомил гардидаанд.
Бар асоси санадҳои тасдиқкардаи Русия, шаҳрвандон, ширкатҳо ва худи давлат метавонанд, уҳдадориҳояшонро дар назди қарздеҳони хориҷӣ аз кишварҳои ғайридӯст бо рубл иҷро кунанд. Барои ин қарздор метавонад аз бонки Русия дархост кунад, ки ба номи кредитори хориҷӣ суратҳисоби махсус бо рубл кушода шавад ва пардохт бо қурби рубл дар рӯзи пардохт сурат мегирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад