Чин: Ирсоли неру ва силоҳ ба Украина иштибоҳ аст

Намояндаи Чин дар Созмони Милали Муттаид ба Ғарбиҳо дар бораи доман задан ба буҳрон аз роҳи ирсоли таслеҳот ва неру ба Украина ҳушдор дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Чжан Ҷун” сафири Чин дар Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷаласаи изтирории Шӯрои Амният бо мавзӯъи шароити инсонӣ дар Украина, ба шиддат бо мудохилаи Ғарбиҳо дар даргириҳои ҷорӣ дар ин кишвар мухолифат кард ва онро рад кард.

Вай дар ин бора гуфт: ин даргирӣ печида аст ва ба ҷои рехтани бензин рӯи оташ, ҳали масоили печида мусталзими оромиш ва ақли салим аст. Доман задан ба буҳрон фақат ба вахомати авзоъ мунҷар хоҳад шуд.

Чжан Ҷун, дар идома афзуд: Мо ба шиддат бобати таҳримҳои эъломӣ аз сӯи Ғарбиҳо нигарон ҳастем. Ин таҳримҳо натанҳо корсоз нестанд, балки табаоти инсонии вахиме ҳам дар пай доранд ва ба зарари молии соири кишварҳо мунҷар мешаванд. Ирсоли таслеҳот ва неру ба Украина ҳатто авзоъро аз он чӣ акнун ҳаст, вахимтар мекунад.

Вай дар бахши дигаре аз изҳороташ, аз Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо хост, ки дар боби масоили амниятии Аврупо, бар пояи асли баробарӣ бо Русия вориди гуфтугӯ шаванд ва мушкилотеро ки солҳо рӯи ҳам анбошта шуда аст, ташдид накунанд.

Тайи ҳафтаи гузашта, Австралия, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ҳар як ба навбаи худ аз Чин хостанд, ки барои ҳалли буҳрон миёнҷигарӣ кунад.

Имрӯз сешанбе низ раиси ҷумҳури Фаронса ва садри аъзами Олмон, бо Ши Ҷинпин раиси ҷумҳури Чин гуфтугӯ хоҳанд кард.

Давлати Пекан мегуяд, ки ба тамомияти арзии Украина эҳтиром мегузорад, аммо Русия ҳам дағдағаҳое дорад, ки аз сӯи Ғарбиҳо нодидаи гирифта шуда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад