Русия: омодаи тадовуми гуфтугӯ бо Украина ҳастем

Сухангӯи Кохи Кремлин бо ишора ба омодагии Русия барои тадовуми музокира бо Украиниҳо гуфт, таҳримҳои ғарбӣ ниёзманди посӯхи сахт ва фикршуда ҳастанд.

 

Сухангӯи Кохи Кремлин бо ишора ба омодагии Русия барои тадовуми музокира бо Украиниҳо гуфт, таҳримҳои ғарбӣ ниёзманди посӯхи сахт ва фикршуда ҳастанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Песков”, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Маскав имрӯз омодаи анҷоми даври ҷадиди музокира бо Киев аст.

Ба навиштаи хабаргузори “Ройтерс” Дмитрий Песков, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: «Метавонем инро пеш бинӣ кунем, ки оё музокиракунандаҳои Украина ҳузур пайдо мекунанд ё на, аммо бигзоред умедвор бошем, ки ин иттифоқ рух медиҳад. Музокиракунандагони мо дар онҷо омода хоҳанд буд».

Давр аввали гуфтугӯҳои Маскав ва Киев рӯзи душанбе дар Беларус анҷом гирифт, аммо дастоварде дар пай надошт.

Сухангӯи Кохи Кремлин афзуд, Маскав бояд посӯхи сахт, фикршуда ва равшан ба таҳримҳои ғарбиҳо алайҳи иқтисоди Русия тадорук бибинад.

Ӯ дар бораи мутаваққиф шудани пружаи муштараки газӣ бо Аврупо мавсум ба “Нурд Истрими 2” аз сӯи Олмониҳо дар вокуниш ба таҳаввулоти Украина гуфт, зерсохтҳои ин пружа ҳамчунон фароҳам аст ва ақли салим ҳукм мекунад, ки иҷроӣ шавад.

Дмитрий Песков, мутазаккир шуд, ки иқтисоди Русия заработи ҷиддиро таҷриба мекунад, аммо ин кишвар таҷрибаи убур аз буҳронҳои мухталифро дорад.

Амрико ва Аврупо дар посух ба амалиёти низомии Русия дар Украина то кунун чандин бастаи таҳримӣ алайҳи ин кишвар эъмол кардаанд. Ин таҳримҳо илова бар бахшҳои молӣ ва банкии Русия, мамнӯъияти ҳузури варзишкорони рус дар маёдини байналмилалӣ ва олимпияро шомил мешавад. Илова бар ин кишварҳои ғарбӣ парвози ширкатҳои ҳавопаймоӣ Русия ба ин кишварҳоро мамнӯъ карда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад