Тоҷикистон омодаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба саросари Русия

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба аз худ кардани таҷрибаи ҳамкасбони рус ва зиёд кардани содироти сабзавоту мева ба Русия манфиатдор аст.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба аз худ кардани таҷрибаи ҳамкасбони рус ва зиёд кардани содироти сабзавоту мева ба Русия манфиатдор аст.

Дуюмин соҳаи калонтарини иқтисоди Тоҷикистон баъд аз саноат — кишоварзӣ ҳамаи душвориҳоро бомуваффақият бартараф карда, нишондиҳандаҳои худро баланд мебардорад.

Дар ин бора Нигина Анварӣ, муовини раиси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар чорчӯби ҳамоиши байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар Душанбе изҳор дошт.

Нигина Анварӣ қайд кард :

“Ба он (кишоварзӣ – шарҳ аз идора) 4 ҳиссаи ММД-и кишвар рост меояд. Дар давраи пандемияи корона бахши кишоварзӣ на танҳо ба буҳрон тоб овард, балки тамоюли афзоиши беш аз 6%-ӣ нишон дод”.

Ба гуфтаи вай, сол то сол мизони интиқоли меваю сабзавот ба бозорҳои кишварҳои ИДМ афзоиш меёбад. Имкони содироти бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия махсусан таъкид шудааст.

Вай ҳамчунин иқлими мусоиди Тоҷикистонро қайд кард, ки имкон медиҳад, дар як сол то се ҳосил ҷамъоварӣ шавад. Ин имкони содиротии кишварро афзоиш медиҳад.

Дар мавриди рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ байни кишварҳо Нигина Анварӣ аз имконоти вилоятҳои Самара ва Челябинск дар истеҳсоли ғалладона ва зироатҳои равғанӣ ёдовар шуда, ба дурнамои ҳамкориҳо дар ин хусус таъкид кард.

Ба гуфтаи муовини вазир, Тоҷикистон ба омӯзиш аз ҳамкасбони рус ва сармоягузорӣ дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ манфиатдор аст.

Вай гуфт :

“Айни замон дар низоми кишоварзӣ низоми соддакардашудаи андозбандӣ татбиқ карда мешавад”.

Дар Тоҷикистон воситаҳои истеҳсоли гӯшти мурғ ва моҳӣ, тухмӣ, техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ барои бунёди гармхонаҳо ва ҳамчунин бахши коркарди пахта аз пардохти боҷи гумрукӣ ва як қатор навъҳои андоз озод шудаанд.

Нигина Анварӣ пешниҳод кард, ки ҷуғрофиёи ярмаркаҳои Тоҷикистон дар саросари Русия густариш ёбад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Беш аз 85 дарсади содироти Тоҷикистон ба хориҷ аз ашёи хом иборат аст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, соли гузашта содироти коло 2 миллиарду 149 миллиону 600 ҳазор долларро ташкил дода, баландтарин нишондод дар таърихи истиқлолияти ҷумҳурӣ буда, нисбат ба соли 2020 афзоиш ба 52,8% ҳазор ё 742 миллиону 700 ҳазор долларо ташкил додааст.

Зимнан, воридоти коло дар соли гузашта 4 миллиарду 209,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 33,6 фоиз ё 1 миллиарду 58,6 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ба кишвар асосан маҳсулоти тайёри дорои арзиши иловагии баланд ворид мешавад.

Тавозуни савдо ҳамчунон манфӣ боқӣ монда, дар соли 2021 2 миллиарду 59 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил дод.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад