Афзоиши нархи сухт ва маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон

Нархи сухт ва маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуди ду баробар афзоиш ёфт.

Нархи сухт ва маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуди ду баробар афзоиш ёфт.

Мақомот мегуянд, ки афзоиши нарх вобаста ба  густариши корона буда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷВик, Гулноза Ҳасанзода раиси Ожонси давлатии Омори Тоҷикистон гуфт: Дар соли 2021 нархи мева ва сабзиҷот 24 дарсад, гушт 15 дарсад, руғани моеъ 15 дарсад, орд 8 дарсад ва шакар 4 дарсад афзоиш ёфт.

Аммо Соҳибҷон Сайдов, мудири умури нархгузорӣ дар ин ниҳод муътақид аст яке аз далоили афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар соли 2021 афзоиши нархи сухт буда аст, ки ҳазинаи ҳамулу нақли колоро боло бурд.

Вай афзуд: Дар соли 2021 нархи ҳар литр бензин ба 11 сомону 20 дирам расид, ки дар соли 2020 ин шохис 6 сомону 80 дирам буд.

Вале Ҳоҷимуҳаммад Умаров иқтисоддони тоиҷк мегӯяд дар Тоҷикистон роҳкорҳои коҳиши таварум ва захираи колоҳои асосӣ вуҷуд надорад.

Ӯ гуфт: Ҳамчунин барои коҳиши нархи маводи ғизоӣ бояд ба тавлидкунандагон сабукии молиёти ва арзонии  хуроки чорво дар назар гирифта шавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Раисҷумҳур дар ҷаласаи Ҳукумат масъалаи нарх дар бозорҳои ҷумҳуриро ба миён гузошт ва талаб кард,ки онҳо боло бурда нашаванд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президентӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар назди мақомдорон вазифа гузоштааст.

Дар ин маврид иҷрои қатъии супоришҳои ҳукумати мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва дар ин асос зиёд намудани майдони кишти картошка ва зироатҳои дигар, хусусан, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, шолӣ ва ҷуворимаккаи дон ва ғайра зикр шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид намудаст, ки самарабахш ва оқилона истифода намудани маблағҳои буҷети давлатӣ боиси рушди иқтисоди миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад ва аз тамоми роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулияти баландро талаб кардаст.

Президент аз мақомдорони кишвар пеш аз ҳама амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии давлат ва саноатикунониро талаб намудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад