Овозаи барканории раиси Кумитаи амнияти миллӣ

Ба гуфтаи бархе аз манобеъи ғайрирасмӣ, раиси Кумитаи амнияти миллӣ аз мақомаш барканор шудааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз “Порстудей” дар миёни мақомот сару садоҳое паҳн шудааст, ки гӯиё раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал Саймумин Ятимовро бо як “ба истеъфои нарм” барканор кардааст.

Мегӯянд, ки «Генерал Саймумин Ятимов корҳоро оҳиста-оҳиста ба муовини аввали худ (ҳоло дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) месупорад».

Манобеъи расмӣ то ҳол ин хабарро таъйид ё такзиб накардаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дирӯз сомонаи “Озодандешон” ба нақл аз Алӣ Шерзамон муддаӣ шудааст, ки Саймумин Ятимов бо исобати тир маҷруҳ шуда ва ҳоло дар беморхонааст.

Алӣ Шерзамонов инро ба нақл аз манобеи дар созмонҳои давлатии кишвар гуфтааст.
Ба гуфта Ӯ шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, барои иҷрои амалиёти зидди мардуми Хоруғ фармон дода ва  ба сабаби сарпешии Ӯ аз фармон даргирӣ ба вуҷуд омадааст.
Бар асоси таҳлил ва сенарияе, ки Ятимов ироа дода гуфтааст дар ин амалиёт теъдоди зиёде аз ғаёри низомиён кушта мешаванд ва ин ба салоҳ нест.
Шерзамон таъкид мекунад, ки қарор буда дар ин амалиёти Ғоруғ Ятимов ба қатл ва бардошта мешуд аммо Ӯ ин сенарияро фаҳмида фармонро иҷро намекунад ва боиси асабонияти Рустми Эмомалӣ шуда ба тарафӣ Ӯ тир холӣ мекунад.


Генерал Саймумин Ятимов сиёсатмадор ва дипломати тоҷик аз соли 2010 раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст.

Ӯ қаблан сафири Тоҷикистон дар Белгия буд.

Генерал Саймумин Ятимов  доктори улуми сиёсӣ ва устоди Донишгоҳи муштараки Словения «Русия ва Тоҷикистон» мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад