Фишори дигари мақомот ба мардуми Хоруғ

Гузориш аз Хоруғ 17 феврали соли 2022: «Фишор ба рӯҳияи мардуми Хоруғ пеш аз амалиёти махсус».

Гузориш аз Хоруғ 17 феврали соли 2022: «Фишор ба рӯҳияи мардуми Хоруғ пеш аз амалиёти махсус».

Шаби 17 феврал дар манотиқи Хоруғ вазъият ташвишовар  шуда  нерӯҳои мусаллаҳи амниятӣ дар гирду атрофи шаҳр, ба хусус дар он ҷойҳое, ки маъмулан сокинони ҷавони Хоруғ шабона ҷамъ меоянд ва дар остонаи амалиёти вижа навбатдорӣ мекунанд, гаштугузор доштанд.

Дар ин бора Андрей Серенко, коршиноси умури сиёсии кишварҳои Осиёи миёна ва Афғонистон дар канали телеграмияш хабар дод.

Манбаъ менависад, «солмандони маҳал то қадри имкон талош мекунанд, ки аз иғвои мардуми осоишта пешгирӣ кунанд, аммо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шабона зери садои мусиқии баланд мошин меронанд, осудагии мардуми минтақаро халалдор месозанд, гӯё махсус мехоҳанд  дар атрофи он нуқтаҳое, ки сокинон ҷамъ мешаванд, онҳоро ба таҳрика андозанд.

Яке аз сокини Хоруғ ба хабаргузории Памирдейлинюз гуфтааст: «Боиси тааҷҷуб ин аст, ки кормандони ВКД, бахусус, ОМОН, пулиси роҳ чунин рафторро  муносиб намебинанд, аммо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳадафмандона иғвогарӣ мекунанд.»

Ба замми ин, дар вилояти ВМКБ кормандони муассисаҳои давлатиро иҷборан водор мекунанд, то ба забонхате имзо кузоранд, ки дар он вазифадор мешаванд дар гирдиҳамоиҳо, навбатдории шабона ширкат накунанд ва “ба роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ пуштибонӣ накунанд”.

Дар хабар омадааст, нафароне, ки аз имзо дар забонхат сарпечӣ мекунанд, аз кор озод карда мешаванд

Гуфта мешавад, ки чунин талабнома ва имзои зери он аз лиҳози ҳуқуқӣ ягон хел  эътибори қонунӣ надорад. Ба ақидаи онҳо, истифодаи чунин усулҳои найрангӣ бо ҳадафи паст кардани рӯҳияи мардум ва баъдан гузаштан ба зуҳури осони амалиёти махсус  нигаронида шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, як чеҳраи шинохта дар ин шаҳр, хостааст, ки худро ба мақомот таслим кунад.

Муроҷиати шаҳрдори Хоруғ шаби 6-уми феврал дар телевизиони Бадахшон нашр шудааст.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро мақомот барои латтукуби Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи Бадахшон муттаҳам мекунанд. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттио қабул надоранд. Рӯзи 6-уми феврал манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ба Маҳмадбоқиров ва шаш сокини дигари Хоруғ барои таслим шудан ба мақомот як ҳафта муҳлат додаанд. Бархе сокинон гуфтанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз амалиёти эҳтимолии мақомоти интизомӣ барои боздошти Маҳмадбоқиров навбатдории шабонарӯзӣ таъсис додаанд.

Ризо Назарзода, шаҳрдори Хоруғ, дар ин муроҷиаташ аз сокинон хостааст, ки аз “навбатдории фарзандонашон, сӯзонидани балонҳо ва мондани постҳо, инчунин маҳкам кардани роҳҳо пешгирӣ ва худдорӣ намоянд.”

Ӯ дар ин суҳбаташ аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров “саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Хоруғи Боло” ном бурда, талаб кардааст, ки “рафта тибқи талаботи қонун барои фаъолияти кардааш” посух диҳад.

Тарафдорони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ӯро ҷинояткор намедонанд. Рӯзи 6-уми феврал дар як муроҷиати видеоӣ аз номи як гурӯҳ сокинони Хоруғ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров “адолатпарвар” ном бурда мешавад, ки “ба доди сокинони мазлум мерасад.” Ин гурӯҳи сокинон аз талоши боздошти Маҳмадбоқиров танқид кардаанд ва гуфтаанд, ки ӯ ҷинояткор нест, балки ҳамеша мухолифи қонуншиканӣ буда, “намехоҳад, ки беқонунӣ дар шаҳри Хоруғ авҷ гирад.”

Вазъ дар шаҳри Хоруғ замоне дубора печида шуд, ки рӯзи 2-юми феврал тавассути телевизиони Бадахшон мақомот изҳорот доданд, ки барои латтукуби сардори Раёсати маориф нисбат ба Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо гумони

  • “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”;
  • “таҳқири намояндаи ҳокимият”;
  • “вайрон кардани дахлнопазирии мардум”;
  • “барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ” парвандаи ҷинояӣ оғоз гардид.”

Худи Маҳмадбоқиров гуфт, ки воқеан бо Наврӯзов суҳбат кардааст, вале ӯро назадааст.

Шаш нафари дигаре, ки дар баробари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров талаби таслим шуданашонро кардаанд, ба он муттаҳам мешаванд, ки рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли гузашта ба қонуншиканӣ даст задаанд.

Он вақт сокинон, пас аз кушта шудани Гулбуддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, дар ҷараёни амалиёти мақомоти интизомӣ, дар Хоруғ даст ба эътироз зада буданд. Сокинон талаб карданд, ки омилони марги Гулбуддин муҷозот шаванд. Мақомот ваъдаи таҳқиқи ҳодисаро доданд ва гуфтанд, ки дастраси ба интернет, ки дар рӯзҳои эътироз қатъ шуда буд, дубора барқарор мекунанд. Сокинон мегӯянд, мақомот ваъдаашонро иҷро накардаанд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад