Изҳори нигаронии раиси ноҳияи Ёвон аз муҳоҷирати омӯзгорон

Аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон давоми як соли гузашта ҳудуди 86 муаллим тарки пеша карда, ба муҳоҷират рафтанд.

Аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон давоми як соли гузашта ҳудуди 86 муаллим тарки пеша карда, ба муҳоҷират рафтанд.

Ин нуктаро раиси ноҳияи мазкур Ҷамшед Саидзода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард ва аз муҳоҷир шуддани омӯзгорон изҳори нигаронӣ намуд.

Аммо сомонаи Фараж бо такя ба манобеи худ менависад, аз мактабҳои ноҳияи Ёвон дар соли сипаришуда 311 омӯзгор тарки кор намуда, аз ин миён 241 нафар ба Русия муҳоҷир шуданд.

Дар нишасти мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳия низ ҳузур дошта ва ӯ илова кардааст, ки феълан муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ба 18 омӯзгор ниёз доранд.

Зимнан раиси ноҳия иллати асосии ба муҳоҷират рафтани муаллимонро ба кам будани маоши онҳо пайванд додааст.

Ӯ гуфтааст, омодааст, омӯзгоронро ҳамаҷониба дастгирӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран зимни нишасти хабарӣ аз коҳиши камбуди омӯзгорон дар кишвар гуфт.

“Нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар соли таҳсили ҷорӣ беш аз 2,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 828 нафар камтар аст”, – гуфт вазир.

Ба гуфтаи Имомзода, дар соли таҳсили 2021-2022 дар навоҳии тобеи марказ 765, вилояти Суғд 708, вилояти Хатлон 440, Душанбе 194 ва ВМКБ 59 омӯзгор намерасад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ду ҳазору 303 нафар аз се ҳазору 754 омӯзгори Суғд, ки тарки касб кардаанд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли гузашта аз се ҳазору 754 нафар омӯзгори ин вилоят ду ҳазору 303 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Ҳамчунин 185 омӯзгор бо сабаби ба кор рафтан дар дигар соҳа, 362 нафар бинобар ба синни ниҳоии нафақа расидан, 54 нафар бо сабаби фавт, 616 нафар бо хоҳиши худ, 126 нафар бинобар иваз кардани ҷои зист ва дигар сабабҳо тарки касб намудаанд.

Дар маҷмуъ шумори омӯзгорони вилоят 39 ҳазору 523 нафар буда, 26 ҳазору 516 нафари онҳо зан мебошанд.

Дар ҳамин ҳол Раёсати маорифи вилояти Суғд таъкид кардааст, ки ба 708 омӯзгор дар муассисаҳои таълимии вилоят ниёз дорад.

Ба иттилои манбаъ, дар соли таҳсили 2021-2022 1100 нафар аз форуғаттаҳсилони гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии вилоят барои ба ҷойи кор таъмин шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят роҳхат гирифтанд.

Аз ин миқдор 845 нафар мутахассиси ҷавон ба ҷои кор ҳозир шудаанд, ки ин нишондиҳанда 76,8 дарсади шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил менамояд.

Раёсати маорифи Суғд инчунин қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо кадрҳои педагогӣ таъмин буда, аз онҳо 278 нафарашон мудир, 15 нафар сармураббӣ, 2006 нафар мураббӣ, 200 нафар омӯзгорони дигар фунун мебошанд ва 1433 нафарашон маълумоти олӣ, 243 нафар олии нопурра, 1 ҳазор 329 нафар маълумоти миёнаи махсус доранд.

Ҳамзамон дар нишаст қайд карда шуд, ки дар вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муасссаи тасилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 831 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатанд, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 579 ҳазору 504 нафар, аз ҷумла 283 ҳазору 544 нафар духтар бо таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 6 муассисаи таълимӣ ва шумораи хонандагон 14 ҳазору 273 нафар зиёд мебошад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад