Шайх Моҳир Ҳаммуд: Имом Хоманаӣ раҳбари таърихӣ аст

Шайх Моҳир Ҳаммуд дабири кулли "Иттиҳодияи уламои муқовимат", дар як мусоҳибае эълом кард, Имом Хоманаӣ раҳбари таърихӣ аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, шайх “Моҳир Ҳаммуд”, дабири кулли Иттиҳодияи уламои муқовимат, ки дар Лубнон ҳузур дорад, имрӯз (панҷшанбе) дар гуфтугӯ бо радио “Ан-Нур” дар бораи Инқилоби Исломии Эрон суҳбат кард.

Шайхи Моҳир Ҳаммуд дар гуфтугӯ бо барномаИ “Ас-Сиёсалул Явм” гуфт: «Имом Хоманаӣ раҳбарӣ таърихӣ аст, ки так таки калимот ва мавозиъаш сабт мешавад. Худованд пас аз иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ) тадовуми ин масирро муқаддар кард».

Дабири кулли Иттиҳодияи уламои муқовимат изофа кард: «Имом Хумайнӣ назари манро ҳангоми пирӯзии Инқилоб ҷалб кард. Он чӣ аз ӯ нақл мешавад, қобили таваҷҷӯҳ ва дилгарм кунанда аст. Ӯ як раҳбари Исломии зидди Амрико ва Исроил буд».

Вай ҳамчунин гуфт: «Созгорӣ миёни мазоҳиби исломӣ мукаммили амали исломӣ аст».

Дабири кулли Иттиҳодияи уламои муқовимат моҳи гузашта низ дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузории “Форс” бар нақши муҳимми шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорни Инқилоби Исломӣ таъкид ва тасреҳ карда буд, ки «Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, назари ваҳдати исломиро дар чанд буъд, айнияят бахшида аст».

Шайх Моҳир Ҳаммуд баён карда буд, ки сардор Сулаймонӣ Қудсро дар раъси авлавиятҳои худ қарор дода буд. Ӯ гуфта буд: «вай дар воқеъ фармондеҳи нерӯи сипоҳи Қудс буд; яъне касе ки масъӯли пайгирии масаъла Қудс аст. Қудс низ, назди Эрони Исломӣ, масаълае аст, ки бар тамомии масоил муқддам аст».

Вай ҳамчунин таъкид карда буд дар боби садоқати сарони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳимоят аз масаълаи Фаластин низ бояд ба ин масаъла ишора кард, ки Теҳрон, бештарин буҷетро барои сипоҳи Қудс дар назар гирифт ва муҳимтарин ҷавонон ва қудратҳои муборизотии худро барои он ҳазина мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад