ВКД модари Абдураҳмон 09-ро ба “ифротгароӣ” муттаҳам кард

Мақомот нисбати Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷик Абдураҳмон (Шерзод) Маҳмадҷонов, ба иттиҳоми "ташкили фаъолияти экстремистӣ" парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Бар пояи ин иттиҳом, Маҳмадҷоноваро аз панҷ то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад. Ин сокини шаҳри Ваҳдат чанд рӯз пеш нопадид шуда буд ва мақомот ҳоло ба таври расмӣ боздошти ӯро тасдиқ кардан

Вазорати корҳои дохилӣ шоми 8-уми феврал бо нашри изҳороте хабар дод, ки Шоҳида Маҳмадҷонова ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Дар изҳорот нагуфтаанд, ки Маҳмадҷонова чӣ гуна дар ташкили фаъолияти экстремистӣ даст дорад. Ҳамзамон маълум нест, ки ӯро дар куҷо нигаҳ медоранд.

Наздикони Шоҳида Маҳмадҷонова рӯзҳои гузашта нигаронӣ карда буданд, ки аз ӯ хабаре надоранд ва намедонанд, дар куҷо аст. Мақомот ҳам дар ин бора маълумоте намедоданд. Аммо Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 8-уми феврал гуфт, пайвандонаш метавонанд, бо ӯ мулоқот кунанд ва “барои қабул ва таъмини ғизо мушкилӣ ҷой надорад”.

Мақомот ҳамзамон мегӯянд, Шоҳида Маҳмадҷонова аз ҳуқуқи ҳимоя ва рад намудани иттиҳомот бархӯрдор аст. Бар асоси қонунгузории кишвар, кормандони пулис танҳо то 72 соат ҳақ доранд, шахсро дар боздошт нигоҳ доранд. Баъди ин ё қарори додгоҳ барои ҳабси гумонбаршуда содир мешавад ё шахс бояд озод гардад. Аммо мақомот дар бораи боздошти ин сокини шаҳри Ваҳдат баъд аз 5 рӯз хабар доданд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов, блогери тоҷики муқими Олмон аст. Ин блогер борҳо аз амалкарди мақомот дар бораи сатру ҳиҷоб танқид мекунанд. Шерзод Маҳмадҷонов бовар дорад, модарашро барои баромадҳои ӯ дастгир кардаанд. Шерзод Маҳмадҷонов ё “Абдураҳмон 09” мегӯяд, солҳои гузашта низ модарашро борҳо ба идораи пулис даъват карда, талаб мекарданд, ки фарзандаш ба ватан баргардад.

Вазорати корҳои дохилӣ дар изҳороти худ гуфтааст, “фарзанди дастгиршуда Маҳмадҷонов Шерзод Тулфорович, блогер ва ё ин ки опозитсионер набуда, балки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад”.

Ба иттилои “Азия-Плюс”, ахиран Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар кишвар барои таҳқиқи қазияи Шоҳида Маҳмадҷонова вакили мудофеъ ҷудо намудааст. Ин хабаргузорӣ ба нақл аз як манбаъ дар ин эътилоф хабар дод, ки шавҳари Шоҳида бо ариза муроҷиат намуд ва онҳо корро оғоз карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад