Таҷаммӯъи эътирозии тоҷикони муқими Аврупо

Шуморе аз тоҷикони муқими Аврупо бо талаби озодии Нусратулло Саидов, бародарзозаи Поягузори сулҳи тоҷикон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Берлин, пойтахти Олмон, назди сафорати Тоҷикистон тазоҳурот карданд.

Шуморе аз тоҷикони муқими Аврупо бо талаби озодии Нусратулло Саидов, бародарзозаи Поягузори сулҳи тоҷикон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Берлин, пойтахти Олмон, назди сафорати Тоҷикистон тазоҳурот карданд.

Гуфта мешавад ин тазоҳурот бо ибтикори фарзандон ва наздикони аввалин раиси ҲНИТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор шуда ва шуморе дигар аз мухолифин ва тоҷикони муқими Аврупо ба он пайвастаанд.

Аз ҷумла раиси Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ Абдусаттор Бобоев, узви РО ҲНИТ ва Шӯрои сиёсии ПМТ Муҳаммадсаид Ризоӣ, раиси ҷамъияти тоҷикон дар Олмон Абдуқодир Шехов дар ин эътироз ширкат ва суханронӣ карданд.

Абдусаттор Бобоев гуфт худро шогирди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ меҳисобад ва баробари шунидани баргузории ин тазоҳур ҳамроҳ бо ҷамъе худро аз Лаҳистон ба Олмон расонидааст. Яке аз ширкаткунандгони таҷаммӯъи эътирозӣ ба Паём гуфт, и беш аз 15 нафар аз Лаҳистон ба Берлин рафтаанд, то дар он ширкат кунанд.

Ҳамчунин шуморе аз тоҷикони муқими Утриш ва Литва низ ба тазоҳургарон пайвастаанд.

Бобоев ҳамчунин таъкид кард, ки Нусратулло Саидов ҳеҷ гуноҳе надорад, фаъолияти сиёсӣ надошту ба кишоварзӣ машғул буд ва бояд бидуни қайду шарт дар асраъи вақт озод шавад. “Агар ӯ озод нашавад, мо дар кишвраҳои дигари Аврупо тазоҳурот ташкил хоҳем кард ва қазияро ба додгоҳҳову созмонҳои байналмилал мерасонем” — таъкид кард ӯ.

Муҳаммадсаид Ризоӣ, ки низ дар тазоҳурот суханронӣ кард гуфт “бояд билохира барои пешгирӣ аз зулму истибдод ва хотима додан бар он тоҷикон дар хориҷу дохил ба ҳам оянд ваба ваҳдати воқеъии миллӣ бирасанд. Ҳукумати Тоҷикистон дигар ислоҳшавнада нест ва танҳо ваҳдати саросарии миллӣ метавонад вазъ дар кишварро ислоҳ кунад.”

Манучеҳри Кӯҳистонӣ, блогери муқими Олмон дар ин таҷаммӯъ бо забони олмонӣ суханронӣ кард.

Дар таҷаммӯъи эътирозии тоҷикон ҳудуди 100 нафар ширкат ва шиорпартоӣ карданд. Тазоҳургарон озодии Нусратулло Саидов ва дигар зиндониёни сиёсиро талаб карданд. Ҳамчунин шиорҳое мисли “Истеъфо Раҳмонов”, “Зулм бас аст” ва ғайра садо доданд.

Пештар ар хабарҳо омада буд :

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз боздошти Саидов Нусратулло, яке аз пайвандони Асосгузори сулҳи тоҷикон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои Кумита, бо нақл аз қавли Муҳамадҷон Нурӣ,  муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, Нусратулло Саидовро 24 январ, баъд аз зуҳр ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон даъват карда, баъд онҷо боздошт кардаанд.

Кумита менависад, “мо ин боздоштро  давоми амали нангини  ҳукумати Тоҷикистон оид ба фишор ва таъқиби хонаводаҳои мухолифин медонем”.

Дар изҳорот омадааст, ки Нусратулло Саидов солҳо дар ноҳияи Вахш ба деҳқонӣ машғул буда, асосан ба сиёсат коре надошт ва аз пешаи деҳқонӣ зиндагии худро пеш мебурд.

Бояд зикр кард, ки боздошти Нусратулло Саидов баъди ду ҳафтаи ба вазифаи муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ таъин шудани Муҳаммадҷон Нурӣ сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш низ Нусратулло Саидовро мақомоти интизомии кишвар боздошт карда буданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад