Иттиҳоми 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба ғоратгари

Дар додгоҳи ноҳияи Суворови вилояти Тулаи Русия парвандаи ҷиноятии гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ аз 5 шаҳрвнади Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Дар додгоҳи ноҳияи Суворови вилояти Тулаи Русия парвандаи ҷиноятии гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ аз 5 шаҳрвнади Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Онҳо ба ҳамла ба як хонавода ва ғорати моликонаш муттаҳам мешаванд.

Тибқи иттилоъи расонаҳои русӣ, ин гурӯҳ бо тарҳи пешакӣ ва тақсими нақшҳо рӯзи 23 ноябри соли 2020 ба деҳаи Красное Михайлово рафта, бо ниқоб ва як таппонча ба хонае ҳамла кардаанд.

Онҳо бо шикастани дар вориди хона мешаванд, бо гузоштани таппонҷа ба тахтапушти марди соҳибхона ӯро ба ҳуҷраи дигар ба назди ҳамсараш мебаранд. Онҷо дасту даҳони ӯро баста ду нафарашонро болои зану шавҳар посбон мегузоранд ва се нафари дигар ба ҷустуҷӯи пул дар хона шурӯъ мекунанд.

Аммо чизе намеёбанд ва аз зан талаб мекунанд, ки ҷои пулҳоро нишон диҳад. Баъди рад шудани талабашон онҳо бо корди ошхона ба маҷрӯҳ кардани мрад таҳдид мекунанд. Зани баваҳшатомада мегӯяд пул дар кифи дастиаш аст. Ҷинояткорон аз он 20 000 рубл пайдо мекунанд.

Ҳамлагарон, ки медонистанд дар хона пули бештаре нигоҳдорӣ мешавад, дасту пои занро ҳам мебанданд ва баъди таҳдид шавҳараш ҷои пулро ба онҳо хабар медиҳад. Онҳо 807 ҳазор рублро гирифта ҷои ҳодисаро тарк мекунанд.

Гуфта мешавад, қаблан н гурӯҳ ба ду сокини вилояти Маскав ҳамла карда беш аз ним  миллион рубли онҳоро ғорат кардааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

РИА Новости бо иқтибос аз хабари Вазорати корҳои дохилии Русия навиштааст:

«Дар Русия 36,4 ҳазор ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ содир шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2020 5,9% зиёд аст.»

Аксарияти ҷиноётро шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Русия содир кардаанд, ки дар шумор 28, 5 ҳазор ҷиноят ҳисоб карда шудааст. Қаблан раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин барои рафъи мушкили ҷиноят дар миёни муҳоҷирон пешниҳодҳо ироа карда буд.

Бастрикин гуфт: “»Мушкилоти афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирони корӣ низ як бархӯрди навро тақозо мекунад. Онҳо асосан ҷавонони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ буда, дар бисёр мавридҳо объекти ҷалб (вербовка) шуда мемонанд»

Раиси Кумитаи тафтишот ба низом даровардани қонунҳои муҳоҷират, баланд бардоштани сатҳи автоматикунонӣ ва робита бо корфармоён барои мубориза бо ифротгароиро пешниҳод кардааст.

Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки вокуниши саривақт аз равандҳои эҳтимолии манфӣ, барои дарёфти маълумот дар бораи муҳоҷирон чора андешида шавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад