Бомбаборони фурудгоҳи Яман аз сӯи ҷангандаҳои Арабистон

Эътилофи арабӣ ба саркардагии Арабистони Саудӣ ҷумъашаб бори дигаи фурудгоҳи байналмилалии Санъо, пойтахти Яманро зери шадидтарин бомбаборон қарор дод.

Ба гузориши Ал Маёдин, бар асоси ин гузориш, ҷангандаҳои Эътилофи саудӣ ҳамчунон дар осмони Санъо дар ҳоли парвоз ҳастанд.

Ҳамалоти Арабистон ба марокизи ғайринизомии Яман дар ҳоле рух медиҳад, ки Файсал бин Фарҳон Оли Сауд, вазири умури хориҷаи Арабистон дар изҳороте бо тарҳи иттиҳомот алайҳи Ансоруллоҳ зимни тарҳи як тавофуқи оташбас муддаӣ шуда буд, ин тарҳ, ки оташбас дар Яманро дар бармегирад, таҳти назорати Созмони милал хоҳад буд.

Муҳаммад Абдусалом, сухангӯи Ансоруллоҳ ва раиси ҳайати музокиракунандаи Давлати наҷоти миллии Яман дар вокуниш ба тарҳи Арабистон барои поён додан ба ҷанги Яман, гуфт, ки дар ин тарҳ, матлаби тозае вуҷуд надорад.

Тарҳи Арабистон пас аз он матраҳ мешавад, ки чанде пеш нерӯҳои яманӣ бо истифода аз 6 паҳподи таъсисоти нафтии Оромко дар Риёзро ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Арабистон аз шашуми фарвардини 94 дар қолаби эътилофе аз чанд кишвари арабӣ ва бо кумак ва чароғи сабзи Амрико, ҳамалоти густардаеро алайҳи Яман – фақиртарин кишвари арабӣ оғоз кард то ба баҳонаи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфӣ ва фирории ин кишвар ба қудрат, ба аҳдофу зиёдахоҳиҳои сиёсии худ ҷомаи амал бапушанд.

Ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Беҳдошти ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ борҳо ҳушдор додаанд, ки бар асари идомаи ҳамалоти мутаҷовизон ба Яман, мардуми ин кишвар бо қаҳтӣ ва бурузи як фоҷеаи инсонӣ, ки дар қарни гузашта бесобиқааст, руба рӯ ҳастанд.

Бисёре аз коршиносон ташдиди ҳамалоти Эътилофи саудӣ ба Яманро ношӣ аз шикасти ин эътилоф дар таҳаққуқи аҳдофи худ дар Яман медонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад