Ҳамлаи ифротгароён ба масҷид дар кишвари Юнон

Гурӯҳе аз ифротиёни ростгарои Юнон ба масҷиди воқеъ дар шаҳри Диметок дар наздикии марзи Юнон бо Туркия ҳамла карданд.

Гурӯҳе аз ифротиёни ростгарои Юнон ба масҷиди воқеъ дар шаҳри Диметок дар наздикии марзи Юнон бо Туркия ҳамла карданд. Тундравҳо дар болои бинои масҷиди Челеби Султон Маҳмуд  дар Диметок  шиорҳои исломситезона  овезон карданд. Дар ин шиорҳо навиштаҷоте бо маънои  зарурияти боздоштани исломикунонӣ  дар ин минтақа сухан мерафт.

Расонаи хабарии IslamNews бо истинод ба Daily Sabah навиштааст, ки диаспораи турк дар Юнон амали иғвогаронаи вандализми ифротиёни ростгароро шадидан маҳкум мекунад.

Мусулмонони турк дар баёнияе гуфтаанд:  «Ҳамлагарон кӯшиш карданд, ки ақаллиятҳои моро ба дидгоҳи худ мувофиқ созанд, то дини ҷамоати туркҳои мусулмони Фракияи Ғарбиро паст заданд.»  . Ба гуфтаи раҳбари маҳаллии мусалмонон  Сулаймон Мачир, мусалмонон ва насрониён дар минтақа муддати тӯлонӣ дар сулҳу субот  зиндагӣ мекарданд ва то ин лаҳза ҳеҷ гоҳ ба ҳамдигар ҳамла накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан рӯзи 23 январ дар наздикии масҷиди марказии Афина дар минтақаи Патисиа субҳи барвақт таркиш  рух дод ва ба як бино ва мошинҳои атроф  хисороти ҷиддӣ ворид кард.

Муносибати ғайридӯстонаи кишвар ба аҳолии мусалмонаш падидаи нав нест. Масалан, то ба наздикӣ Афина ҳамчун ягона пойтахти Аврупои бидуни масҷид маъруф буд, гарчанде ки дар минтақаи Афина тақрибан 300 000 мусулмон зиндагӣ мекунанд. Ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2020, барои нахустин бор аз асри 19, Афина шоҳиди ифтитоҳи масҷиди расмӣ буд, зеро талошҳои чандинсолаи ҷомеаи мусалмонон ниҳоят натиҷа дод

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад