Раҳбари Кореяи Шимолӣ барои раиси ҷумҳури Чин паём фиристод

Раҳбари Кореяи Шимолӣ бо ирсоли паёме ба раиси ҷумҳури Чин, зимни табрики гушоиши бозиҳои Олимпиада, бар равобити стротежики ду кишвар таъкид кард.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ёнхоп”, “Ким Ҷунг Ун” раҳбари Кореяи Шимолӣ рӯзи ҷумъа бо ирсоли паёме ба “Си Ҷинпин”, раиси ҷумҳури Чин, зимни табрики оғоз ба кори Олимпиадаи зимистонии Пекан, бар равобити стротежики шикастнопазир байни ду кишвар таъкид кард.

Паёми раҳбари Кореяи Шимолӣ ба раиси ҷумҳури Чин дар ҳоле ирсол шуда аст, ки ба далели тасмими комитаи байналмилалии Олимпиадаи (IOC), тиме аз Кореяи Шимолӣ дар бозиҳои зимистонӣ ширкат намекунад.

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ (KCNA) бо интишори паёми раҳбари ин кишвар ба мақоми аршади Чин гуфт: ифтитоҳи муваффақиятомези бозиҳои Олимпиадаи зимистонии Пекан бо вуҷуди буҳрони беҳдошти ҷаҳонӣ ва шароити сахти бесобиқа, пирӯзии бузурги дигаре аст, ки Чини социалист ба даст оварда аст.

Ким Ҷунг Ун, ҳамчунин бар равобити қавии Кореяи Шимолӣ ва Чин дар ин паём таъкид кард ва қавл дод, ки ба таври пайваста равобитро то марҳалаи олӣ тавсеъа диҳад.

Ким Ҷунг Ун гуфт: равобити Кореяи Шимолӣ ва Чин ба равобити роҳбурдии шикаст нопазире табдил шуда аст, ки ҳаргиз бо ҳеҷ омиле дар масири мубориза барои дифоъ ва пешбурди ормони муштарак шикаста намешавад ва ду тараф ва мардуми ду кишвар ваҳдат ва ҳамкориро дар ҳамаи заминаҳо аз ҷумла сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва варзиш таҳким кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад