Қарзи Афғонистон аз “Барқи тоҷик” ба 33 млн $ расид

Ширкати "Бришно"-и Афғонистон, ки бар барқрасонӣ машғул аст, аз ширкати "Барқи тоҷик" 33 миллион доллар қарздор будааст.

Ширкати “Бришно”-и Афғонистон, ки бар барқрасонӣ машғул аст, аз ширкати “Барқи тоҷик” 33 миллион доллар қарздор будааст.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ширкати “Бришно” ваъда додааст, дар моҳи феврал тамоми қарзашро пардохт мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ӯ, ширкати барқрасони Афғонистон ба Тоҷикистон дар моҳи январ 2 млн қарзашро пардохт кардааст.

Маҳмадумар Асозода гуфт :

“Масъулини ин ширкат ахиран зимни як гуфтугӯ ваъда додаанд, ки то охири ҳафта ба ҳисоби Тоҷикистон боз 2 млн доллари дигари қарзро ворид мекунанд ва давоми моҳи феврал “Брешно” пурра қарзашро ба Тоҷикистон бармегардонад”.

Ҳамзамон раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, ки сабаби кам пардохт шудани қарз ба хотири мушкилот дар амалиётҳои бонкии Афғонистон мебошад.

Раиси “Барқи тоҷик” гуфт :

“Бонкҳои Афғонистон ба ширкати “Брешно” барои пардохти маблағҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ кардаанд. Тибқи ин маҳдудиятҳо, ширкати барқрасони Афғонистон иҷозат дорад, дар як ҳафта ҳамагӣ 2 млн доллари қарзҳояшро пардохт кунад. Ҳамин тавр навбати Тоҷикистон кай мерасад, аз бонкҳои Афғонистон вобаста аст”.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистону Ӯзбекистон ба маблағи 871,6 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст.

Ин мақомдори тоҷик гуфт :

“Нерӯи барқ асосан ба Афғонистон 1 млрд 213,1 млн. кВт-соат, ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 145,7 млн. кВт-соат, ба маблағи 259,4 млн. сомонӣ содир шуд”.

Содироти нерӯи барқ ба ин кишварҳо асосан дар моҳҳои серобӣ (май-сентябри соли 2021) зиёд буда, аз ҷумла дар ин моҳҳо ба Афғонистон 1 млрд. 073 млн.459 ҳазор кВт-соат, ба Ӯзбекистон 1 млрд. 153 млн.966 ҳазор кВт-соат нерӯи барқро ташкил дод.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Тоҷикистон бо ширкати афғонистонии “Брешно” қарордоди як солаи содироти барқ имзо кард.

Тоҷикистон ва Афғонистон тавофуқномаи интиқоли нерӯи барқро имзо карданд, хабар медиҳад Ширкат афғонистонии “Брешно”.

Манбаъ меафзояд, ин қарордод дар ҷараёни сафари як ҳайати Афғонистон ба Тоҷикистон тасвиб шуд. Зикр гардид, ки қарордодро Мирзо Имсоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ва Ҳофиз Муҳаммад Амин, раиси умумии иҷроияи ширкати “Брешно” ба имзо расонданд.

Сафари намояндагони ширкати афғонистонӣ ба Тоҷикистон ду рӯз идома ёфтааст, вале дақиқан маълум нест, ки кадом рӯзҳо он сурат гирифт. Ҳамчунин маълум нест, ки Тоҷикистон соли оянда чӣ миқдор барқ ба Ҷумҳурии Афғонистон содир мекунад.

Дар зимн манбаъ зикр намуд, ки масъулини ин ширкат дар ҷараёни сафари дурӯза ба Тоҷикистон дар бораи тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла тарқи CASA -1000 ва бунёди хати 500 – киловатта дар бахши энержӣ, гуфтугӯ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Афғонистон ба далели напардохтани қарзи нерӯи барқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба хатари қатъи нерӯи барқ аз тарафи ин кишварҳо мувоҷеҳ аст.

Қаблан ширкати энержии DABS -и ин ҷумҳурӣ ба Осиёи Марказӣ бо дархости қатъи интиқоли захираҳо ба кишвар муроҷиат карда буд.

Роҳбарият ваъда додааст, қарзро, ки тақрибан 62 миллион долларро ташкил медиҳад, пардохт мекунад. Барои ҳалли мушкилот DABS нақша дорад, амволи мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистонро фурӯшад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад