Тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба меҳвари дидори руасои ҷумҳури Қазоқистон ва Тотористон

Дар дидори руасои ҷумҳури Қазоқистон ва Тотористон чашмандози тақвияти ҳамкории мутақобил дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, санъатӣ ва фанноварӣ баррасӣ шуд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Рустам Миниханов”, раиси ҷумҳури Тотористон дар Федератсияи Русия дар сафар ба “Нурсултон”, бо “Қосим Ҷамрат Такаев”, раиси ҷумҳури Қазоқистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Қосим Ҷамрат Такаев, зимни истиқбол аз Рустам Миниханов, хотирнишон кард, ки Тотористон ҷойгоҳи муҳимме дар равобити чанд ҷонибаи Қазоқистон бо Федератсияи Русия дорад.

Вай дар идомаи ин гуфтугӯ баён кард: Тотористон аз назари ҳамкории иқтисодӣ, санъатӣ ва фанноварӣ бо Қазоқистон дар байни соири ҷумҳуриҳои Федератсияи Русия, пештоз аст. Дар поёни 11 моҳи соли 2021 милодӣ мубодилаи тиҷорӣ байни Қазоқистон ва Тотористон 423 миллион доллар буда аст.

Банно ба гуфтаи раиси ҷумҳури Қазоқистон, намунаи боризи чунин ҳамкориҳои иҷроӣ прожектҳое дар заминаи муҳандисии меканик бо мушорикати ширкатҳои “Камаз” ва “Тат Нафт” ба арзиши 1.8 миллиард доллар аст.

Ҳамчунин бинобар суханони Қосим Ҷамрат Такаев, иқдомоти фаъол дар заминаи сохти 3 корхона барои тавлиди қатаоти мошини Камаз ва чархҳои Тат Нафт дар манотиқи «Қустанай» ва «Қарағандии» Қазоқистон дар ҳоли анҷом аст.

Қосим Ҷамрат Такаев ҳамчунин таъкид кард, ки Қазоқистон ба фароҳам кардани тамоми шароити лозим барои фаъолияти роҳати сармоягузорон, аз ҷумла Тотористон идома хоҳад дод.

Дар канори ин мавзӯъ, вай раиси ҷумҳури Тотористонро аз иҷрои ислоҳоти иқтисодӣ дар миқёси бузург дар кишвар ва иҷрои барномаҳои тавсеаи хос, ки фурсатҳои бештареро барои иҷрои пружаҳои муштарак бо Тотористон фароҳам мекунад, мутталеъ кард.

Раиси ҷумҳури Тотористон ба навбаи худ аз истиқболи гарми раиси ҷумҳури Қазоқистон қадрдонӣ ва дар мавриди раванди иҷрои теъдоде аз пружаҳои сармоягузорӣ ва барномаи туҷҷори ин кишвар барои афзоиши ҳамкорӣ бо шуракои қазоқии худ матолиберо баён кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад