Тоҷикистон дорои заифтарин артиши Осиёи Марказӣ

Дар рейтинги навшудаи Global Firepower аз иқтидори низомии кишварҳои дунё  гуфта шудааст, ки Тоҷикистон 20 зина поёнтар аз Қирғизистон қарор гирифт.

Дар рейтинги навшудаи Global Firepower аз иқтидори низомии кишварҳои дунё  гуфта шудааст, ки Тоҷикистон 20 зина поёнтар аз Қирғизистон қарор гирифт.

Коршиносон ба қувваҳои мусаллаҳ аз рӯи панҷоҳ параметр баҳо доданд. Инҳо меъёрҳоеро дар бар мегиранд, аз қабили шумораи сарбозон, таъминоти техникӣ, маблағгузорӣ, ҳаракати нерӯҳо ва ғайра.

Дар байни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гардид: ҷумҳурӣ дар раддабандӣ ҷои 51-умро гирифт. Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мутаносибан дар ҷойҳои 64, 83, 90 ва 111-ум қарор доранд. Афғонистон, ки Толибон дар он ҷо қудрат доранд, дар зинаи 118-ум қарор дорад.

Иёлоти Муттаҳида аз рӯи иқтидори низомӣ дар ҷаҳон пешсаф аст. Ҷойҳои баъдиро  мутаносибан Русия ва Чин ишғол карданд. Коршиносон Ҳиндустонро дар ҷои чаҳорум қарор доданд, Ҷопон бошад, дар панҷгонаи беҳтарин ҷой гирифт. 54 раддабандии артиши тавонотарин дар ҷаҳон Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Британияи Кабир, Покистон ва Бразилия шомиланд.

Барои маълумот, рейтинги Global Firepower дар маҷмӯъ 140 кишварро дар бар мегирад. Дар поёни рӯйхат Сомалӣ, Косово ва Бутан ҷойгир шудаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Русия ҳамасола дар ҷиҳати тақвияти артиши Тоҷикистон талош мекунад.

Ҳар сол дар пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон тақрибан ҳазор нафар мутахассисони ҷавон барои хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ омода карда мешаванд.

Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ сардори ситоди ин сохтор полковник Евгений Охрименко ибрози назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир беш аз шаш ҳазор низомӣ аз омӯзиши касбӣ гузаштаанд.

Охрименко таъкид кард, ки :

“Яке аз вазифаҳои воҳид омода кардани мутахассисони хурди артиши Тоҷикистон аз рӯи 14 ихтисоси асосӣ мебошад. Ҳар сол инструкторони Русия то ҳазор нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи миллиро таълим медиҳанд”.

Вай гуфт, ки сарбозон дар курсҳои тайёрии тӯпчӣ, ронандаи танк, мошини ҷангии пиёда, тӯпчии бронетранспортёр, командири системаи ракетии чандкарата, тӯпчии худгард ва дигар ихтисосҳо таълим мегиранд.

Охрименко гуфт, сарбозон омодагии хуби ҷангӣ доранд ва омодаанд, ба ҳама гуна таҳдидҳо дар Осиёи Марказӣ посух диҳанд.

Вай афзуд, ки ахиран дар ҳудуди пойгоҳ сохтмони як хобгоҳи нави сарбозон ба анҷом расид.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :

Пойгоҳи низомии 201 -и Русия бинобар бад шудани вазъ дар марз бо Афғонистон бо тонкҳои нави муосир муҷаҳҳаз хоҳад шуд.

Изматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, то охири соли 2021 30 танки замонавӣ мегиранд, гуфт сардори ҳайати зирехпуши округи ҳарбии марказӣ Ҳаниф Беглов.

Ханиф Беглов дар арафаи Рузи танкчиён гуфт :

“То охири сол барои иваз кардани мошинҳои ҷангии қаблии баталёни танкии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон 30 танки муосир меояд”.

Иваз кардани танкҳо дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар пасманзари тезу тунд шудани вазъият дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки пас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ намояндагони ҳаракати террористии Толибон* сурат мегирад.

Вай илова намуд, ки :

“Имрӯз мо баталёни танкии полки мотории тирандозии дивизияи танкиро пурра бо Т-72Б3М-ро муҷаҳҳаз кардем”.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд, ки :

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар тамоси телефонӣ масоили мухталиф аз ҷумлаи вазъияти марзи Тоҷикистон ва вазъи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин бора Дафтари матбуоти президентҳои ду кишвар рӯзи сешанбе хабар доданд. Владимир Путин, президенти Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ масъалаи таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Раисҷумҳури Русия, Путин дар суҳбат бо Раҳмон ӯро ба зодрӯзаш табрик гуфта, барои таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ба хусус дар расондани кумакҳои моддию техникӣ барои ҳифзи марз изҳори омодагӣ кардааст.

Дар хабар омадааст: “Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амният, бахусус таҳкими моддию техникии ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон бо назардошти авзоъи ахир дар ин кишвар изҳори омодагӣ кард.”

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад