Русия хостори марказҳои омӯзишии муҳоҷирон дар кишварҳои худ

Вазири корҳои хориҷии Русия хостори ташкили марказҳои муташаккили омӯзиши муҳоҷирони корӣ дар кишварҳое шуд, ки ба Русия муҳоҷири корӣ мефиристанд.

Вазири корҳои хориҷии Русия хостори ташкили марказҳои муташаккили омӯзиши муҳоҷирони корӣ дар кишварҳое шуд, ки ба Русия муҳоҷири корӣ мефиристанд.

Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷии Русия  зимни суханронӣ дар як ҷаласаи ҳошияви Думаи давлатӣ гуфт, «Ҳоло мо исрор дорем бо кишварҳое, ки қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатиро таъмин мекунанд, Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбекистон дар мавриди ташкили марказҳои омӯзишии муҳоҷирони корӣ мувофиқа кунем»

Лавров қайд кард, вазъе, ки муҳоҷирон доранд, бахусус, вақте сухан дар бораи ҳодисаҳои марбут ба онҳо меравад, дар ҷомеа вокуниши эҳсосотӣ ба бор меорад.

Ӯ қайд кард, ки ҳоло ба ин мушкил аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи хеле ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.

Бо эҳтимоли зиёд ишораи Лавров ба надонистани забон ва қонунҳои амалкунандаи Русия аз ҷониби муҳоҷирони корӣ дахл дорад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Нахуствазири собиқ ва раисҷумҳури пешини Русия эълон кардааст, ки ҳукумати кишвараш бояд барои пазириши теъдоди зиёди муҳоҷирон омода бошад.

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, Русия ба зудӣ вуруди муҳоҷирони зиёдеро мушоҳида хоҳад кард.

Вай гуфт :

“Омадани муҳоҷирон ба Русия зиёд хоҳад шуд, аз ин рӯ мо ба низоми ягонаи муосири ҷамъоварӣ ва сабти маълумот дар бораи онҳо ниёз дорем”.

Медведев ҳамчунин қайд кард, ки ҳоло суолҳои ҷиддие дар бораи шеваи сабти номи муҳоҷирон ва назорати давлатӣ аз болои онҳо матраҳанд.

Ёдрас менамоем, ахиран Вазорати умури дохилии Русия эълон кард, миёни муҳоҷироне, ки ба Русия барои кор меоянд, бештар шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қиризистон мебошанд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова, беш аз 82 дарсади муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русияро шаҳрвандони ин се кишвар ташкил медиҳанд.

Казакова зикр намуд, ки ҳамаи ин муҳоҷирон дар асоси қонун дар Русия фаъолият мекунанд. Ба таъкиди намояндаи ВКД, кишварҳои ИДМ дар асоси равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва таърихӣ ба таври анъанавӣ ҳамчун “давлатҳои донори қувваи кории хориҷӣ барои Русия” маҳсуб мешаванд.

Хонум Казакова гуфт, Вазорати корҳои дохилӣ дар чаҳорчӯби беҳбуди низоми назорат бар хориҷиён дар Русия имкони ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишварро барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии дағалонаи маъмурӣ баррасӣ мекунад.

Илова бар ин Вазорати корҳои дохилӣ дар чаҳорчӯби ислоҳоти ҳамаҷонибаи қонунгузории муҳоҷират тасмим гирифтааст, ки санади ягонаи дорои фазои электронии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷиро таҳия кунад. Ин имкон медиҳад, ки муҳоҷирони қонуншикан зуд муайян шаванд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад