Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон тақвият мешаванд

Вазорати дифои Русия аз тақвияти пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати дифои Русия аз ироаи таҷҳизоти ҷадид ба пойгоҳҳои ин кишвар дар Қирғизистон ва Тоҷикистон хабар дод.

Бар асоси гузориши вазорати дифои Русия, пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар хоки Қирғизистон ва Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 70 воҳид таҷҳизоти низомӣ дарёфт хоҳанд кард.

Пойгоҳи низомии муштараки Русия “Кант” бахше аз неруҳои истиқрори сариъи ҷамъӣ аст ва дар тазмини амнияти ҳарими ҳавоӣ кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ мушорикат дорад.

Ин пойгоҳ муҷаҳҳаз ба ҳавопаймоҳои таҳоҷумии Su-25 ва чархболи Mi-8 аст.

Гуфтанӣ аст, ки пойгоҳи низомии 201 мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин маркази низомии Русия дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар аст ва дар ду шаҳри Душанбе ва Бохтар воқеъ шуда аст.

Пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон шомили дастаи матор, Танк, Тӯпхона, воҳидҳои шиносоӣ, воҳидҳои падофанди ҳавоӣ, ҳифозати падофанди ҳавоӣ ва воҳидҳои иртиботӣ ва дигар адавот ва таҷҳизоти ба рӯз ва мудернро дар худ ҷой дода аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад