Боздошти яке аз пайвандони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз боздошти Саидов Нусратулло, яке аз пайвандони Асосгузори сулҳи тоҷикон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хабар дод.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз боздошти Саидов Нусратулло, яке аз пайвандони Асосгузори сулҳи тоҷикон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои Кумита, бо нақл аз қавли Муҳамадҷон Нурӣ,  муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, Нусратулло Саидовро 24 январ, баъд аз зуҳр ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон даъват карда, баъд онҷо боздошт кардаанд.

Кумита менависад, “мо ин боздоштро  давоми амали нангини  ҳукумати Тоҷикистон оид ба фишор ва таъқиби хонаводаҳои мухолифин медонем”.

Дар изҳорот омадааст, ки Нусратулло Саидов солҳо дар ноҳияи Вахш ба деҳқонӣ машғул буда, асосан ба сиёсат коре надошт ва аз пешаи деҳқонӣ зиндагии худро пеш мебурд.

Бояд зикр кард, ки боздошти Нусратулло Саидов баъди ду ҳафтаи ба вазифаи муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ таъин шудани Муҳаммадҷон Нурӣ сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш низ Нусратулло Саидовро мақомоти интизомии кишвар боздошт карда буданд.

Боздошти Нусратулло Саидов он замон моҳи феврали соли 2018 замоне иттифоқ афтода буд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон чанд нафарро бо шумули Нусратулло Саидов бо иттиҳоми омода сохтан ва афрохтани парчами ДОИШ боздошт карда буд.

Баъдан аз паи санҷиш маълум мешавад, ки Қурбоналӣ Партоев ном бошандаи 31-солаи ноҳияи Вахш,  санаи 15 феврали соли 2018, дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш 5 парчами ДОИШ-ро дар бинои коргоҳи Нусратулло Саидов, бародарзодаи раиси пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Саид Абдуллоҳ Нурӣ овехта будааст.

Аз паи ин ҳодиса, 10 гумонбар бозпурсӣ шуда буданд, ки Нусратулло Саидов яке аз онҳо буд. Дертар Нусратулло Саидов хабар дода буд, ки пас аз пурсуҷӯ озод шуд.

Дар рафти тафтишот Қурбоналӣ Партоев иқрор мешавад, ки шахсан парчами ДОИШ-ро сохта дар боми коргоҳи Нусратулло Саидов гузошта буд. Ӯ мегӯяд, бо ин амалаш мехост қасдашро аз Нусратулло Саидов гирад.

Марди гумонбар, сабаби ин амалашро бадбинии шахсӣ нисбати Саидов мегӯяд, вале тавзеҳи бештаре намедиҳад.

Аммо, он замон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ даҳҳо нафар гуфта буданд, ки аз эҳтимол дур нест, дар ин кор дасти худи мақомот ҳаст. Мақомот мехостанд, бо иттиҳоми даст доштани пайвандони  Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳамкорӣ бо ДОИШ, доғи сиёҳи дигаре рӯи фаъолияти ҲНИТ кашанд.  Танҳо хомию ноуҳдабароии дастандаркорони ин сохтакорӣ сабаб шуда буд, ки мақомот Нусратулло Саидовро он замон озод кунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад