Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар як шабонарӯзи охир дар Лаҳистон 17 муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт шуданд, ки байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Дар як шабонарӯзи охир дар Лаҳистон 17 муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт шуданд, ки байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Ба иттилои хабаргузории РЕГНУМ нафароне, ки сархади Лаҳистон бо Белорусияро ғайриконунӣ убур карда , вориди Лаҳистон шуда буданд, дастгир шудаанд.

Тавре дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Лаҳистон рӯзи 25 январ хабар дод, “17 муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт шудаанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Сурия, Ироқ, Куба, Фаластин, Тоҷикистон ва Эрон шиносоӣ шудаанд”. Аммо дар хабар аз боздоштшудагон ном бурда нашудааст.

Марзбонони Лаҳистон гузориш додаанд, ки дар шаш моҳи охир убури ғайриқонунии муҳоҷирон  аз қаламрави Беларус ба Лаҳистон хеле афзудааст. Ин муҳоҷирон бештар аз кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ ба Лаҳистон омадаанд.

Рӯзи 2 сентябри соли гузашта президенти ин кишвар Анжей Дуда фармонеро дар бораи эълони вазъи изтирорӣ дар марз бо Беларус имзо карда буд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ҳукумати Лаҳистон мубориза бо паноҳҷӯёни ғайриқонунӣ ва тарҳи иҷроии онро  оғоз мекунад. Рӯзи сешанбе 17- август Шӯрои вазирони ин кишвар лоиҳаи ислоҳоти қонун дар бораи хориҷиён ва ҳамчунин қонун дар бораи додани паноҳандагӣ ба хориҷиёнро қабул кард.

Сабаби тағйирот дар қонунро мақомот вуруди фавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави Беларус ба Лаҳистон рабт медиҳанд.

Дар сомонаи расмии мақомоти Лаҳистон омадааст: “Мо мехоҳем лоиҳаи тағйиротро ба вазъи кунунии муҳоҷират дар сарҳад мутобиқ кунем. Сухан дар бораи содда кардани тартиб дар сурати убури ғайриқонунии сарҳад ва таъмини амнияти дохилии давлат ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ меравад”.

Гуфта мешавад, ин лоиҳаи тағйирот дар қонун на дертар аз як моҳ эътибор пайдо мекунад ва ҷаласаи (Сейма) парлумони ин кишвар рӯзи 15 сентябр ба нақша гирифта шудааст. То он вақт марзбонон бо дастгирии сарбозони кишвар дар марз талош хоҳанд кард, ки убури ғайриқонунии муҳоҷиронро пешгирӣ намоянд.

Вазири корҳои дохилаи Лаҳистон, Мариуш Блашак рӯзи чоршанбеи 18-уми август дар саҳифаи твиттериаш хабар дод, ки айни замон зиёда аз 900 сарбоз барои кумак ба Хадамоти марзбонӣ дар сарҳади Лаҳистон бо Беларус ҷалб шуда аст.

Бино ба маълумоти Маркази иттилоотии ҳукумати Лаҳистон танҳо дар моҳи августи соли ҷорӣ аз вуруди 1935 нафар муҳоҷир, ки мехостанд ғайриқонунӣ сарҳадро убур кунанд пешгирӣ кард. Аз 1935 муҳоҷир 760 нафар боздошт шуда, ба лагерҳои баста интиқол дода ва 1175 нафари дигарро бозпас ба Беларус фиристодааст.

Аммо бояд қайд кард, ки тоҷикон ҳам дар кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шудаанд, Афзоиши фишор ба аъзову фаъолони аҳзобу гурӯҳҳои сиёсии мухолифи давлат дар дохили Тоҷикистон ва ташдиди буҳрони иқтисодӣ дар Русия аз муҳимтарин омилҳои афзоиши дархости паноҳандагии тоҷикон дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб меояд.

Коршиносони масоили сиёсӣ паноҳандагони тоҷик дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро ба се даста тақсим мекунанд, ки дастаи нахустро коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ва касоне, ки дар дохили Тоҷикистон бар асари фишори молиётӣ ва авомили дигар варшикаста шудаанд, ташкил медиҳад.

Гурӯҳи дувуми афроди мазҳабӣ назири пайравони фирқаи “Салафия” ҳастанд, ки фаъолияти онон дар дохили Тоҷикистон мамнуъ шудааст ва гурӯҳи сеюмро паноҳандагони сиёсӣ, аз ҷумла аъзову ҷонибдорони ҲНИТва Гурӯҳи – 24 ташкил медиҳанд, ки бо хатари боздошту зиндонӣ шудан дар дохили Тоҷикистон рӯбарӯ ҳастанд.

Гурӯҳи байналмилалии буҳрон муътақид аст, ки афзоиши дархости паноҳандагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо муҷиби шиддат ёфтани мушкили муҳоҷирон ва паноҳандагон дар Аврупо хоҳад шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад