Сайид Иброҳими Раисӣ (панҷшанбе) дар дидор бо Равил Айниддин-раиси Шӯрои мусулмонони Русия дар Маскав гуфт: Ин сафар нуқтаи сарнавиштсозе дар равобити иқтисодӣ, сиёсӣ ва ба вижа фарҳангӣ миёни Эрону Русия хоҳад буд.
Равил Айниддин-раиси Шӯрои мусулмонони Русия низ дар ин дидор аз раисҷумҳури Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ барои ҳузур дар масҷиди ҷомеъи Маскав даъват кард.
Сайид Иброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон (чаҳоршанбе ) 29 дай баробар бо 19.01.2022 дар садри ҳайати олирутба ва дар посух ба даъвати Владимир Путин-раиси Ҷумҳурии Русия ба Маскав сафар кард.