Мулло Муҳаммадҳасан Охунд: Толибонро ба расмият бишносед

Нахуст вазири Толибон дар баёнияи расмӣ аз арги раёсат ҷумҳурии Афғонистон зимни ишора ба барқарории амният ва поёни фасод, аз кишварҳои дунё ва ба вижа кишварҳои исломӣ хост то ин гуруҳро ба расмият бишносанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Мулло Муҳаммадҳасан Охунд” нахуст вазири Толибон имрӯз чаҳоршанбе дар баёнияи расмӣ аз кишварҳои ҷаҳон ва ба вижа аз кишварҳои исломӣ хост то ин давлати ин гуруҳро ба расмият бишносанд.

Вай ки дар маросими ифтитоҳияи конфронси иқтисодии Афғонистон дар арги раёсати Ҷумҳурии ин кишвар дар Кобул суҳбат мекард, дар ин бора гуфт: аз тамоми кишварҳо, ба вижаи кишварҳои исломӣ мехоҳем, ки истиқлоли (раъй) худро собит карда ва бидуни дарназар гирифтани дигарон, Иморати Исломии Афғонистонро ба расмият бишносанд.

Мулло Муҳаммадҳасан Охунд таъкид кард, ки чунончи ин қадам бардошта шавад, Афғонистон ба зудӣ бар мушкилоти худ ғалаба хоҳад кард.

Вай ҳамчунин гуфт, ки акнун фазои сармоягузорӣ дар Афғонистон мусоид шуда, аммо замоне ки аз ширкатҳои бузург барои сармоягузорӣ дархост мешавад, мегӯянд, ки Афғонистон ба расмият шинохта нашуда ва наметавонанд сармоя гузорӣ кунанд.

Мулло Муҳаммадҳасан Охунд, хитоб ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ таъкид кард: бо ҳукумате ки 20 сол фасод кард ва фасодашро ҳам худи шумо таъйид кардед ва гуфтед, ки Ғанӣ (раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар) дуюмин шахси фосиди ҷаҳон аст, кор кардед, аммо ҳоло чаро бо Иморати Исломӣ, ки фасод ва бе адолатиро решакан карда, кор намекунед?

Вай дар бахше аз суханон худ гуфт, ки дар 20 соли гузашта фасод, ноамнӣ ва бе адолатӣ ба авҷи худ расида буд, аммо Толибон фазоеро ба вуҷуд оварда, ки дар он амният таъмин шуда ва номус ва моли мардум ҳифз шуда аст.

Нахуст вазири Толибон ҳамчунин гуфт, ки дунё ва ба вижа кишварҳои исломӣ ба ҷои ин ки бар захми мардум намак бипошанд, бояд бар ин захм марҳам бигузоранд ва маҳдудиятҳои иқтисодиро, ки таъсироти он бар мардуми Афғонистон бештар шуда аст, бартараф кунанд.

Вай гуфт: мо эълом мекунем ҳаркас бо мо ҳамкорӣ кунад, абадӣ нест ва мо низ ҳамкории абадӣ намехоҳем. Чизе ки мо мехоҳем барои мардум аст. Афсӯс ки ба маҳзи барқарории амният ва поёни мушкилот, кӯмакҳоро мутаваққиф карданд то нафаси мардумро бигиранд.

Мулло Муҳаммадҳасан Охунд афзуд: мо аз тамомии мардуми дунё хоҳиш мекунем, ки ба мардуми мо кӯмак кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Толибон дар ҷустуҷӯи роҳҳое аст, ки дарди мардуми ин кишвар барои ҳамеша даво шавад.

Вай ҳамчунин аз мардум хост барои рафъи мушкилоти мавҷӯд бо ҳукумати Толибон ҳамкорӣ кунанд.

Ин аввалин нишасти иқтисодӣ аст, ки ҳукумати Толибон пас аз тасаллут бар Афғонистон баргузор мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад