Омодагии Русия барои пазириши теъдоди зиёди муҳоҷирон

Нахуствазири собиқ ва раисҷумҳури пешини Русия эълон кардааст, ки ҳукумати кишвараш бояд барои пазириши теъдоди зиёди муҳоҷирон омода бошад.

Нахуствазири собиқ ва раисҷумҳури пешини Русия эълон кардааст, ки ҳукумати кишвараш бояд барои пазириши теъдоди зиёди муҳоҷирон омода бошад.

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, Русия ба зудӣ вуруди муҳоҷирони зиёдеро мушоҳида хоҳад кард.

Вай гуфт :

“Омадани муҳоҷирон ба Русия зиёд хоҳад шуд, аз ин рӯ мо ба низоми ягонаи муосири ҷамъоварӣ ва сабти маълумот дар бораи онҳо ниёз дорем”.

Медведев ҳамчунин қайд кард, ки ҳоло суолҳои ҷиддие дар бораи шеваи сабти номи муҳоҷирон ва назорати давлатӣ аз болои онҳо матраҳанд.

Ёдрас менамоем, ахиран Вазорати умури дохилии Русия эълон кард, миёни муҳоҷироне, ки ба Русия барои кор меоянд, бештар шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қиризистон мебошанд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова, беш аз 82 дарсади муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русияро шаҳрвандони ин се кишвар ташкил медиҳанд.

Казакова зикр намуд, ки ҳамаи ин муҳоҷирон дар асоси қонун дар Русия фаъолият мекунанд. Ба таъкиди намояндаи ВКД, кишварҳои ИДМ дар асоси равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва таърихӣ ба таври анъанавӣ ҳамчун “давлатҳои донори қувваи кории хориҷӣ барои Русия” маҳсуб мешаванд.

Хонум Казакова гуфт, Вазорати корҳои дохилӣ дар чаҳорчӯби беҳбуди низоми назорат бар хориҷиён дар Русия имкони ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишварро барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии дағалонаи маъмурӣ баррасӣ мекунад.

Илова бар ин Вазорати корҳои дохилӣ дар чаҳорчӯби ислоҳоти ҳамаҷонибаи қонунгузории муҳоҷират тасмим гирифтааст, ки санади ягонаи дорои фазои электронии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷиро таҳия кунад. Ин имкон медиҳад, ки муҳоҷирони қонуншикан зуд муайян шаванд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Русия ба қонуншикании кӯчак роҳ дода ва ба ин далел аз хоки он ихроҷ гашта буданд, мамнуъияти вуруди дигарбораи онҳо ба ин кишвар лағв шуд.

Дар ин бора намояндаи Вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон Алексей Егоров ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.

Егоров гуфт :

“Дар чаҳорчӯби чанд созишномаи моҳи сентябри соли 2021 ба истилоҳ афв барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вуруди онҳо ба қаламрави Русия барои қонуншикании кӯчак мамнуъ буд, сурат гирифт. Ҳоло 120 ҳазор нафар афв шуд”.

Ӯ қайд кард, ки ҳоло ба ҳамаи онҳо иҷозаи вуруд ба Русия дода шудааст.

Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз сомонаи Сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи мавҷудият ё лағви мамнуъияти вуруд ба Федератсияи Русия маълумот пайдо кунанд.

Ба гуфтаи вай, аксари муроҷиатҳо ба сафорати Русия дар Тоҷикистон маҳз ба ҳамин мавзуъ марбутанд.

Қаблан раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов низ изҳор карда буд, муҳоҷироне, ки бидуни қарори додгоҳ ихроҷ шудаанду вурудашон ба ин кишвар мамнуъ буд, иҷозаи вуруд пайдо карданд.

Вай тавзеҳ дод, дар пайи ин тағйир танҳо он муҳоҷирони корие, ки вурудашон аз ҷониби Вазорати умури дохилӣ мамнуъ шуда буд, метавонанд ба Русия баргарданд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад