Боздошти муҳоҷири тоҷик дар Тюмени Русия

Кормандони Раёсати Хадамоти федералии амният (ФСБ) дар вилояти Тюмени Русия як муҳоҷири 26-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгир карданд, ки ба ҳамкорӣ бо созмони террористӣ муттаҳам мешавад.

Кормандони Раёсати Хадамоти федералии амният (ФСБ) дар вилояти Тюмени Русия як муҳоҷири 26-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгир карданд, ки ба ҳамкорӣ бо созмони террористӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилоъи хабаргузории Vsluh.ru бо истинод аз дафтари матбуотии ФСБ ин шаҳрванди  Тоҷикистон ба созмони байналмилалии террористии “Ҳаятут Таҳрир Аш-Шам”, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Сурияи Араб фаъолият мекунад, аз Русия истода, кумаки молӣ мекардааст.

Раёсати тафтишотии  Хадамоти федералии амният (ФСБ) алайҳи муттаҳам парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар наворе, ки расонаӣ шудааст, худи шаҳрванди Тоҷикистон, худро бо номи Хайриддинов Собирҷон Мирҳомидович муаррифӣ мекунад. Номбурда иқрор мешавад, ки ба ду нафар бо номи Фаррух ва Шамил 5000 рубл ба Ҷумҳурии Сурияи Араб барои харидани силоҳ пул фиристодааст.

Гуфтанист, ингуна боздоштҳо ва муттаҳамкуниҳо ба терроризм вақтҳои охир дар Федератсияи Русия зуд зуд расонаӣ мешаванд. Ба гуфтаи коршиносон дар аксари ҳол муҳоҷирони бегуноҳ қурбонии амалиётҳои тарҳрезикардаи кормандони мақомоти интизомии рутбахоҳи Русия мешаванд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дар вилояти Перми Русия мурофиаи додгоҳии як зодаи Тоҷикистон, ки дар куштори зани ҳомила ва падараш муттаҳам мешуд, ба поён расид. Додгоҳи вилояти Перм ин ҷавонро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Дар ин бора хабаргузории Перм онлайн хабар додааст.

Авоили моҳи феврали соли 2021 дар манзиле дар кӯчаи Есенини шаҳри Перм ҷасади бесари як зани ҳомиладори 21-сола пайдо шуда буд. Ҳамчунин ҷасади як марди дигарро, ки падари ин хонуми ҳомиладор гуфта мешавад,  дар кӯча, назди хона пайдо кардаанд. Дар ҳамин шаб шавҳари зани кушташуда, як аробакаши 27-солаи бозор, ки душаҳрвандӣ (Русия ва Тоҷикистон) дошт, боздошт шудааст. Баъдтар маълум шуда, ки бо занаш аз сабаби хости талоқ шудан ихтилофи назар доштаанд ва падараш ӯро дастгирӣ кардааст.

Дар хабар омадааст, ки мард сари ҳамсарашро аз танаш ҷудо карда, баъдан дар кӯча бо хусураш вохӯрда, ба ӯ 60 захми корд задааст.

Дар хонаи ин зани кушташуда ҳудуди 100 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ҷамъ омада, хостаанд, ҷинояткорро ҷазо диҳанд, аммо, дар ҳамин ҳол маъмурони пулис ба ҷои ҳодиса омада, мардро  аз манзил берун кардаанд.

Экспертизаи равонӣ айбдоршавандаро солим донистааст. Дар баҳс айбдоркунандаи давлатӣ талаб карда, ки ин мард ба ҳабси абад маҳкум шавад.

Имрӯз, 27 декабр додгоҳи вилояти Перм талаби мақомоти айбдоркуниро қонеъ карда, ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.  Тибқи иттилои Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Прикамя, гунаҳкор дар колонияи ислоҳии низомаш махсус ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Илова бар ин, додгоҳ даъвои ҷабрдидаҳоро дар ҳаҷми умумии беш аз 9 миллион рубл ҷуброни зарари маънавӣ қонеъ кардааст.

Ба иттилои расонаҳои русӣ маҳкумшуда муваззаф аст, ки ба модари зани кушташуда 2 миллион рубл, ба ду бародари зан ҳар кадом 3 миллион рубл ва ба амаки кушташуда як миллион рубли дигар пардохт намояд. Ғайр аз ин, маҳкумшуда бояд ба тағои занаш 324 хазор сум зарари моддӣ диҳад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад