Суҳбати телефонии Раҳмон бо Тоқаев ва ҷузъиёти он

Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунии Қазоқистон иттилоъ додааст.

Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунии Қазоқистон иттилоъ додааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ баргузор гардид.

Сарони давлатҳо зимни мулоқот вазъияти кунунии Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисиҷумҳури кишвар.

Президенти Қазоқистон дар хусуси барқарор гардидани суботу оромӣ дар кишвар ва сар аз имрӯз оғоз гардидани хуруҷи нерӯҳои муттаҳидаи сулҳофари СААД аз ҷумҳурӣ ба ҳамтои тоҷикаш иттилоъ додааст.

Тоқаев ба Тоҷикистон барои дастгирӣ ва мусоидат изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати маҳдуди нерӯҳои сулҳофари СААД дар Қазоқистон қарор доранд, 14 январи соли равон ба Тоҷикистон бармегарданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди онҳоро муҳокима карданд.

Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби ин кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ мухолиат карда, ба кӯчаҳо рехтанд.

Баъдтар ин гуна эътирозҳо ба дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри Қазоқистон паҳн шуданд. Дар муддати кӯтоҳе даҳҳо иншоот сӯзонда ва ғорат шуданд.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, бар асари ин ошӯбҳо дар Қазоқистон 164 нафар кушта шуд.

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев хисороти ноамниҳоро 2-3 миллиард доллар эълон кард.

Ҳукумати ин кишвар дар посух ба ҳамаи бетартибиҳо то 19 январ дар сартосари Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон кард ва амалиёти зиддитеррористӣ оғоз намуд.

Ҳоло вазъият дар Қазоқистон муътадил аст ва аксари корхонаву муассисаҳо ба кор шуруъ кардаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Раҳмон ва Тоқаев, раҳбарони ду кишвари Тоҷикистон ва Қазоқистон дар гуфтугӯи телефонӣ раванди рушди вазъият дар Қазоқистонро баррасӣ намуданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев баргузор гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо раванди рушди вазъият дар Қазоқистонро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки муҳтарам Қосимҷомарт Тоқаев ба ба роҳбари Тоҷикистон дар бораи андешидани тадбирҳои амалӣ бо мақсади таҳти назорат гирифтани вазъият, барқарор намудани сулҳу оромӣ ва ҳамзамон ҳадафҳои ниҳоии саркардагони рӯйдодҳои фоҷеабор ҷиҳати ғасби ҳокимият дар кишвар ба таври муфассал маълумот дод.

Ҳамзамон зимни ин гуфтугӯи телефонӣ, раисҷумҳури Қазоқистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ирсоли ҳайати маҳдуди низомиёни ҷумҳурӣ ба Қазоқистон дар қатори нерӯҳои муттаҳидаи сулҳофари СПАД барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот изҳори сипос кардааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад