Сипоси Тоқаев аз Раҳмон барои ирсоли низомиёни тоҷик

Раҳмон ва Тоқаев, раҳбарони ду кишвари Тоҷикистон ва Қазоқистон дар гуфтугӯи телефонӣ раванди рушди вазъият дар Қазоқистонро баррасӣ намуданд.

Раҳмон ва Тоқаев, раҳбарони ду кишвари Тоҷикистон ва Қазоқистон дар гуфтугӯи телефонӣ раванди рушди вазъият дар Қазоқистонро баррасӣ намуданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев баргузор гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо раванди рушди вазъият дар Қазоқистонро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки муҳтарам Қосимҷомарт Тоқаев ба ба роҳбари Тоҷикистон дар бораи андешидани тадбирҳои амалӣ бо мақсади таҳти назорат гирифтани вазъият, барқарор намудани сулҳу оромӣ ва ҳамзамон ҳадафҳои ниҳоии саркардагони рӯйдодҳои фоҷеабор ҷиҳати ғасби ҳокимият дар кишвар ба таври муфассал маълумот дод.

Ҳамзамон зимни ин гуфтугӯи телефонӣ, раисҷумҳури Қазоқистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ирсоли ҳайати маҳдуди низомиёни ҷумҳурӣ ба Қазоқистон дар қатори нерӯҳои муттаҳидаи сулҳофари СПАД барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот изҳори сипос кардааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Владимир Путин бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев чанд гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Тибқи иттилои сомонаи Кремлин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои қазоқаш вазъи Қазоқистон ва иқдомоти СПАД дар доираи салоҳияти ин созмонро баррасӣ кард.

Дар хабари Кремлин омадааст: “Онҳо вазъ дар ҷумҳурӣ, иқдомоти муштарак дар чаҳорчӯби салоҳияти СПАД дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва таъмини тартибот ва амнияти шаҳрвандони Қазоқистонро баррасӣ карданд”.

Илова бар ин, Владимир Путин бо раҳбарони дигари кишварҳои СПАД – руасоиҷумҳури Қирғизистон, Беларус ва Тоҷикистон Садир Жапаров, Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ кардааст. Вай инчунин бо сарвазири Арманистон Никол Пашинянгуфтугӯи телефонӣ доштааст.

Ёдовар мешавем, ки эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз аввали соли 2022 идома доранд. Ба ин тазоҳурот ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ сабаб шуд, ки хашми шаҳрвандони кишварро барангехт.

Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нархҳо эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар доман паҳн кард. Аз ҷумла, дар Алмаато рӯзҳои 4 ва 5 январ миёни сокинон ва маъмурони амниятӣ задухӯрди шадид рух дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад