Баррасии вазъи Қазоқистон дар суҳбати Раҳмон ва Пашинян

Эмомалӣ Раҳмон бо Никол Пашинян телефонӣ суҳбат карда, вазъи Қазоқистонро баррасӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо Никол Пашинян телефонӣ суҳбат карда, вазъи Қазоқистонро баррасӣ кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон, раиси Шӯрои амнияти СААД Никол Пашинян телефонӣ суҳбат кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар ҷараёни суҳбат ду ҷониб оид ба раванди рушди вазъият дар Қазоқистон табодули афкор кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар рафти ин суҳбат сиёсатмадорон, ҷонибдории худро дар ростои талошҳои роҳбарияти кишвари дӯст ҷиҳати барқарор намудани сулҳу оромӣ таъкид намуданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷараёни татбиқи қарори СААД-ро дар бораи ирсоли ҳайати муттаҳидаи сулҳофари Созмон ба Қазоқистон барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот баррасӣ намудаанд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ҳудуди 200 низомиро тариқи ҳавопаймои Русия ба Қазоқистон фиристод.

Интизор меравад, ки тоҷикистонӣ дар ҳайати нерӯҳои муштараки СААД ба таъмини тартибот дар Қазоқистон машғул хоҳанд шуд.

Маврид ба зикр аст, феълан кишварҳои узви СААД – Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд, ки аллакай бархеяшон интиқоли нерӯро ба Қазоқистон оғоз кардаанд. Ҳадафи ин созмон ҳифзи якҷояи давлатҳои узв аз таҷовузи низомию сиёсии хориҷӣ ва ҳамчунин аз ҳамлаҳои террористӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ хатари дараҷаи сурх эълон гардидаст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Манобеъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон теъдоди низомиёни посдори сулҳро, ки дар ҳайати нерӯҳои муштараки СААД ба Қазоқистон фиристода мешаванд, эълом кардаанд.

Тоҷикистон ҳудуди 200 низомиро ба Қазоқистон мефиристад, хабар додааст РИА Новости бо такя ба манобеяш аз мақомоти қудратӣ.

Интизор меравад, ки ин шумор низомиёни тоҷикистонӣ дар ҳайати нерӯҳои муштараки СААД ба таъмини тартибот дар Қазоқистон машғул хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, омодагии кишварро барои иштирок дар василаҳои сулҳофарии СААД дар Қазоқистон баён дошта, онро ҷузъе аз уҳдадориҳо дар доираи созмон арзёбӣ кард.

Раҳмон дар суҳбат бо ҳамтои қазоқаш, Қосим-Ҷомарт Тоқаев изҳори умед кардаст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.

Тоқаев зимни дархости кумаки низомӣ аз роҳбарони кишварҳои узви СААД гуфт, дар кишвар гуруҳҳои террористӣ дастбакор шудаанд, ки байналмилалӣ мебошанд, чун омодагии ҷиддиро дар хориҷи кишвар гузаштаанд. Ӯ афзуд, ки ҳамлаи ин гуруҳҳо ба Қазоқистон бояд ҳамчун таҷовуз пазируфта шавад.

Маврид ба зикр аст, феълан кишварҳои узви СААД – Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд, ки аллакай бархеяшон аллакай интиқоли нерӯро ба Қазоқистон оғоз кардаанд. Ҳадафи ин созмон ҳифзи якҷояи давлатҳои узв аз таҷовузи низомию сиёсии хориҷӣ ва ҳамчунин аз ҳамлаҳои террористӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад