Коҳиши бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, пандемияи СОVID-19 сабаб шудааст, ки чанде аз бемориҳои дигари сироятӣ, ба монанди сил ва роҳҳои нафас, кам бишаванд. Мақомот далелашро ба риояи меъёрҳои беҳдоштӣ аз тарси коронавирус, аз ҷумла истифодаи маҳлулҳои зиддиуфунӣ, пайванд медиҳанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, пандемияи СОVID-19 сабаб шудааст, ки чанде аз бемориҳои дигари сироятӣ, ба монанди сил ва роҳҳои нафас, кам бишаванд. Мақомот далелашро ба риояи меъёрҳои беҳдоштӣ аз тарси коронавирус, аз ҷумла истифодаи маҳлулҳои зиддиуфунӣ, пайванд медиҳанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ, 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тибқи омори соли гузашта ва соле пеш аз он гирифторӣ ба бемории зуком 16-17 дарсад кам шудааст. Бемории домана дар соли 2021 умуман сабт нашуд. Бемории зардпарвини вирусӣ ба як сатҳи муайян кам ба қайд гирифта шуд.”

Пизишкони шифохонаи сироятии Душанбе коҳиши гирифторони бемориҳои сироятиро тасдиқ мекунанд. Аммо аз он нигаронӣ доранд, ки бо коҳиши хатари сирояти COVID-19 сокинон метавонанд, фориғбол шаванд ва беморӣ дубора бештар шавад.

Муродалӣ Сафаралиев, муовини сартабиби Беморхонаи сироятии Душанбе, гуфт, “нисбат ба солҳое, ки пеш аз коронавирус буд, албатта, гирифторӣ камтар шудааст. Дар беморхона 390 ҷой пешбинӣ шудааст, вале ҳоло танҳо 30 нафар бистарӣ ҳастанд.”

Аммо шубҳаҳо ба дурустии омори расмӣ дар Тоҷикистон боқист. Чун дар авҷи сирояти коронавирус дар кишвар мақомот аз набудани беморӣ ва холӣ мондани шифохонаҳо мегуфтанд, аммо гуруҳи зиёди сокинон дар хонаҳои худ муолиҷа мегирифтанд.

Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон беш аз 17 ҳазор кас ба бемории коронавирус гирифтор шуда, 124 кас ҷони худро аз даст додаанд. Баъзе аз сокинону мутахассисон омори воқеиро бештар аз ин медонанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Мақомоти Тоҷикистон эълон доштааст, ки дар кишвар 55,3 дарсад шаҳрвандон бар зидди сирояти COVID-19 ваксина гирифтаанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то ба ҳолати 10 декабри соли равон дар кишвар 3 миллиону 222 ҳазору 924 нафар (55,3%) бар зидди коронавируси нави COVID-19 ваксина гирифтаанд.

Инчунин, манбаъ илова кардааст, ки вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 677 ҳазору 138 нафар (45,9%) шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.

Вазорати тадрустӣ қайд кардааст, ки сокинони кишвар бо як масъулияти баланд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, бар зидди коронавирус ваксина мегиранд .

Бояд гуфт, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

Вазорати тандурусти бори дигар аз сокинон хоҳиш кардааст, нафароне, ки бар зидди ин беморӣ ваксина нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ваксина ба шаҳрвандони Тоҷикистон комилан ройгон аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад