Шикояти Сокинони вилояти Суғд аз бебарқӣ

Сокинони вилояти Суғд аз бебарқӣ шикоят карда гуфтаанд, ки дар гармои тобистон ҳам барқи онҳо қатъ мешуд ва масъулин ҳар бор сабабашро ба корҳои профилактикӣ рабт медоданду мегуфтанд, ки зимистон ба ин мушкилӣ рӯбарӯ намешаванд.

Сокинони вилояти Суғд аз бебарқӣ шикоят карда гуфтаанд, ки дар гармои тобистон ҳам барқи онҳо қатъ мешуд ва масъулин ҳар бор сабабашро ба корҳои профилактикӣ рабт медоданду мегуфтанд, ки зимистон ба ин мушкилӣ рӯбарӯ намешаванд.

Сокинони рустоҳои Суғд гуфтаанд, бо вуҷуди фарорасии сардиҳои фасли зимистон, ҳамоно мушкили қатъшавии барқ ба манзилҳо қатъ нашудааст. Мушкили барқкушӣ ҳатто дар деҳоти атрофи Хуҷанд низ ҷой дорад.

Хабаргузории Спутник бо истинод аз қавли манбаъҳояш дар Суғд менависад,  бо сард шудани ҳарорати ҳаво, як ҳафта ба ин тараф маҳдудияти барқрасонӣ дар деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дубора шурӯъ шудааст.

Гуфта мешавад, рӯзи шашум аст, ки “шабона аз соати 23:00, гоҳе 22:30 то соати 05:00 ва ё баъзан то соати 06:00 — и субҳ барқ қатъ мешавад”.

Ба далели фаъол набудани системаи гармидиҳии ягона ва ё набудани гази табиӣ сокинони деҳоти атрофи Хуҷанд дар фасли зимистон хонаҳояшонро тавассути асосбҳои барқӣ гарм мекунанд, вале қатъи барқрасонӣ барои онҳо мушкилиҳо ба вуҷуд меоварад.

Сокинони дигар навоҳии Суғд ҳам гуфтаанд,  ҳамоно реҷаи барқрасонӣ муайян набуда, гоҳе шабона ва ҳам гоҳе рӯзона барқи манзили онҳо қатъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Ҳусен Юлдошев, ҷонишини директори филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқ дар аксар шаҳру навоҳии Суғд дар зери назорати ин идора мебошад, сабаби қатъкунии барқро шарҳ дода гуфтааст, ки ин вазъ ба сатҳи захираи об дар обанбори “Норак” вобаста аст.

Ҳусейн Юлдошев афзудааст, ки  “агар боришоти дуруст нашавад, эҳтимол сатҳи захираи об дар обанбор поён хоҳад шуд, ки дар ин сурат интиқоли барқ боз ҳам душвор хоҳад шуд”.

Ҷонишини директори филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан гуфта, ки ҳаҷми истифодаи шабонарӯзии барқ дар шаҳру навоҳии Суғд ҳоло ба 17 миллион кВт соат баробар аст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли қабл то 150 ҳазор кВт соат зиёд мебошад.

Қатъи интиқоли барқ дар Тоҷикистон аз нимаҳои моҳи сентябр шурӯъ шуда буд. Он замон масъулони идораҳои тақсимоти барқ мегуфтанд, ки ин вазъ аз ҷараёни корҳои профилактикӣ вобаста буда, барои дар фасли сармо бо барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳоло сокинон мегӯянд, фасли зимистон ҳам фаро расид, аммо мушкили қатъшавии барқ дубора шурӯъ шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад