Рекорди доир кардани тамринҳои низомии Русия дар Тоҷикистон

Пойгоҳи низомии 201- и Русия дар Тоҷикистон дар як сол беш аз сесад тамрини зиддитеррористӣ анҷом додааст.

Ҳавзаи марказии ҳарбӣ теъдоди машқҳои анҷомдодаи низомиёни пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон давоми соли 2021-ро гуфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.

Дар ситоди Ҳавзаи марказии ҳарбӣ гуфтанд: “Дар соли 2021 дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон беш аз 300 тамрин барои муқовимат бо терроризм баргузор шуд”.

Гуфта мешавад, ки воҳидҳои зиддитеррористии пойгоҳи 201-ум барои рафъи ҳамлаҳои гурӯҳҳои шартии роҳзанӣ ба урдугоҳҳои низомии Душанбе ва Бохтар амал мекарданд.

Ҳарбиён дар тамрингоҳҳои “Лоҳур” ва “Самбули” мудофиаро кор карда, забти анборҳои лавозимоти ҷангӣ ва паркҳои техникаи ҳарбиро рафъ карданд.

Илова бар ин, хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчунин оид ба ҳифзи иншооти муҳими стратегӣ, озод кардани биноҳои аз ҷониби “террористҳои шартӣ” тасарруфшуда, ошкор, муҳосира ва безарар гардонидани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар дохили гарнизонҳо супоришҳои махсусро иҷро намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни машқҳо ҳайати шахсии пойгоҳи Русия малакаҳои расонидани ёрии аввалия, муҳандисию радиатсионӣ, ҳифзи кимиёвӣ, биологӣ ва безараргардонии маводи таркандаро такмил доданд.

Ситоди марказӣ илова карданд: “Барои эҷоди вазъе, ки то ҳадди имкон ба ҳолати ҷангӣ наздиктар шавад, онҳо дар яроқҳо аз тирҳои безарар, зарядҳои тақлидӣ, маводи тарканда ва дуд истифода кардаанд”.

Қаблан маълум шуда буд, ки Русия аллакай дар соли 2022 бо 9 давлати хориҷӣ машқҳои мусаллаҳонаро ба нақша гирифтааст. Ба гуфтаи Олег Салюков, фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди Русия, дар соли оянда 10 тамрини муштараки байналмилалӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи Миср, Покистон, Алҷазоир, Лаос, Шри-Ланка, Қирғизистон, Тоҷикистон, Муғулистон ва Ҳинд дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин иншооти низомии Федератсияи Русия дар берун аз марзи он аст. Он дар ду шаҳр – Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад