Афви 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз суи Русия

Инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон касоне ҳастанд, ки барои нақзи қавонини Русия аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шуда буданд.

Инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон касоне ҳастанд, ки барои нақзи қавонини Русия аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шуда буданд.

Аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Русия ба қонуншикании кӯчак роҳ дода ва ба ин далел аз хоки он ихроҷ гашта буданд, мамнуъияти вуруди дигарбораи онҳо ба ин кишвар лағв шуд.

Дар ин бора намояндаи Вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон Алексей Егоров ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.

Егоров гуфт :

“Дар чаҳорчӯби чанд созишномаи моҳи сентябри соли 2021 ба истилоҳ афв барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вуруди онҳо ба қаламрави Русия барои қонуншикании кӯчак мамнуъ буд, сурат гирифт. Ҳоло 120 ҳазор нафар афв шуд”.

Ӯ қайд кард, ки ҳоло ба ҳамаи онҳо иҷозаи вуруд ба Русия дода шудааст.

Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз сомонаи Сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи мавҷудият ё лағви мамнуъияти вуруд ба Федератсияи Русия маълумот пайдо кунанд.

Ба гуфтаи вай, аксари муроҷиатҳо ба сафорати Русия дар Тоҷикистон маҳз ба ҳамин мавзуъ марбутанд.

Қаблан раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов низ изҳор карда буд, муҳоҷироне, ки бидуни қарори додгоҳ ихроҷ шудаанду вурудашон ба ин кишвар мамнуъ буд, иҷозаи вуруд пайдо карданд.

Вай тавзеҳ дод, дар пайи ин тағйир танҳо он муҳоҷирони корие, ки вурудашон аз ҷониби Вазорати умури дохилӣ мамнуъ шуда буд, метавонанд ба Русия баргарданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон омори муҳоҷирони ба ватан баргаштаро нашр кард.

Русия ҳамоно кишвари серталабтарини дорои ҷои кор барои шаҳрвандони хориҷӣ боқӣ мемонад, гуфтааст Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат Имомназар Имомзода дар суҳбат бо “Ховар”.

Ба итилои манбаъ, то 90 фоизи муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва 10 фоизи боқимонда барои кор ба Қазоқистон ва дигар кишварҳо мераванд.

Имомзода мегӯяд, давоми 11 моҳи соли равон беш аз 175 ҳазор нафар муҳоҷири кишвар ба ватан баргашт.

Манбаъ афзудааст :

“Давоми 11 моҳи соли равон беш аз 175 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути хатсайрҳои чартерӣ ва мунтазам ба ватан баргаштанд, аз ҷумла 132 ҳазору 119 нафар аз Федератсияи Русия омаданд”.

Мавсуфт гуфтааст, ки беш аз 10,5 ҳазор муҳоҷири корӣ, ки ба Ватан баргаштаанд, аллакай дар Тоҷикистон давраҳои омӯзиширо хатм намуда, ба кор даромаданд. Аксар вақт онҳо касби кафшерчӣ, андовачӣ, дуредгарӣ ва дӯзандагиро интихоб мекунанд.

Дар ин муддат ба Хадамоти муҳоҷират 38 ҳазору 662 нафар муроҷиат кардаанд, ки дар муқоиса ба давраи қиёсии соли 2020 60 фоиз зиёд аст ва ба гуфтаи ин масъули Вазорат бинобар паҳншавии COVID-19 ва баста шудани сарҳадҳои хориҷӣ аксари корхонаҳо натавонистанд бо иқтидори пурра фаъолият кунанд.

Ба ин нигоҳ накарда, субъектҳои хоҷагидорӣ тавонистанд ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба хориҷи кишвар фиристанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки дар 10 моҳи соли 2021 331 ҳазору 353 нафар дар минтақаҳои Русия дар ҷустуҷӯи кор будааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи хадамоти марбутаи Русия, ин рақам ба маротиб бештар аст.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 2,8 баробар бештар сокинон барои кор ба хориҷа рафтаанд.

Тибқи маълумоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, имрӯз шумораи умумии муҳоҷирони корӣ дар ҷаҳон ба 236 миллион нафар расида, тибқи пешгӯии СБМ ин рақам то соли 2050 ба 405 миллион нафар мерасад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад