Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон тамдид шуд

Тоҷикистон бо ширкати афғонистонии "Брешно" қарордоди як солаи содироти барқ имзо кард.

Тоҷикистон бо ширкати афғонистонии “Брешно” қарордоди як солаи содироти барқ имзо кард.

Тоҷикистон ва Афғонистон тавофуқномаи интиқоли нерӯи барқро имзо карданд, хабар медиҳад Ширкат афғонистонии “Брешно”.

Манбаъ меафзояд, ин қарордод дар ҷараёни сафари як ҳайати Афғонистон ба Тоҷикистон тасвиб шуд. Зикр гардид, ки қарордодро Мирзо Имсоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ва Ҳофиз Муҳаммад Амин, раиси умумии иҷроияи ширкати “Брешно” ба имзо расонданд.

Сафари намояндагони ширкати афғонистонӣ ба Тоҷикистон ду рӯз идома ёфтааст, вале дақиқан маълум нест, ки кадом рӯзҳо он сурат гирифт. Ҳамчунин маълум нест, ки Тоҷикистон соли оянда чӣ миқдор барқ ба Ҷумҳурии Афғонистон содир мекунад.

Дар зимн манбаъ зикр намуд, ки масъулини ин ширкат дар ҷараёни сафари дурӯза ба Тоҷикистон дар бораи тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла тарқи CASA -1000 ва бунёди хати 500 – киловатта дар бахши энержӣ, гуфтугӯ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Афғонистон ба далели напардохтани қарзи нерӯи барқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба хатари қатъи нерӯи барқ аз тарафи ин кишварҳо мувоҷеҳ аст.

Қаблан ширкати энержии DABS -и ин ҷумҳурӣ ба Осиёи Марказӣ бо дархости қатъи интиқоли захираҳо ба кишвар муроҷиат карда буд.

Роҳбарият ваъда додааст, қарзро, ки тақрибан 62 миллион долларро ташкил медиҳад, пардохт мекунад. Барои ҳалли мушкилот DABS нақша дорад, амволи мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистонро фурӯшад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дар соли 2021, Тоҷикистон ният дорад, ки ҳаҷми содироти нерӯи барқро ба ду кишвар афзоиш диҳад, гуфт Маҳмадумар Асозода, муовини аввали роҳбари “Барқи Тоҷик” зимни нишасти хабарии ин ниҳод.

Ба иттилои манбаъ, бо идораҳои масъули Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи интиқоли нерӯи барқ шартнома ба имзо расидааст.

Ба гуфтаи Асозода, дар ҳоли ҳозир ҳар рӯз ба Афғонистон 50 МВт нерӯи барқ содир мешавад. Аз моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба 400-450 МВт расонида шавад.

Муовини раиси “Барқи Тоҷик” таъкид кард :

“Қувваи барқ ба Афғонистон тавассути ду хатти интиқоли барқ – 110 кВ ва 220 кВ содир карда мешавад. Арзиши нерӯи барқ тавассути хатҳои интиқоли барқи 110 кВ 3 сент барои як киловатт ва барои 220 кВ – 4,5 сент бо афзоиши солонаи 3% мебошад”.

Асозода афзуд, ки интиқоли барқ ба Узбакистон мавсимӣ аст. Дар доираи созишнома, ҷумҳурӣ ният дорад ба ҳамсоякишвар 1,5 миллиард кВт / соат нерӯи барқ содир кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад