Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Арабистон

Сафири Тоҷикистон дар Риёз ва мудири иҷроии тарҳҳои Сандуқи тавсеаи Арабистони Сауди бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Риёз ва мудири иҷроии тарҳҳои Сандуқи тавсеаи Арабистони Сауди бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузори хабаргузории Форс, Акрам Каримӣ-сафири Тоҷикистон дар Риёз ва Абдураҳмон Алмуршид, мудири иҷроии Сандуқи тавсеаи Арабистони Сауди дидору гуфтугӯ карданд.

Тоҷикистон ва Арабистон ба баррасии ҳамкорӣ дар заминаи тандурустӣ пардохтанд

Арабистон ба тоҷикон барои ширкат дар ҳаҷи имсол иҷозат дод

Дар ин дидор роҳҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба баҳсу барраси шуд.

Ба таври вижа ҳар ду тараф раванди иҷрои тарҳҳо ва барномаҳои дар ҳоли иҷрои Сандуқи тавсеаи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд ки :

Арабистони Саудӣ Тоҷикистонро шомили рӯйхате кардааст, ки шаҳрвандонаш ҳаққи анҷоми Ҳаҷи Умраро доранд, вале хоҳишмандон мегӯянд, Кумитаи дин ба онҳо иҷозаи сафар намедиҳад.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди ҳукумати Тоҷикистон ниҳодест, ки сафари зоирин барои тавофи Каъбаро танзим мекунад. Дар авҷи пандемияи коронавирус Арабистони Саудӣ қисман сафари зоирин ба ин кишварро маҳдуд карда буд, вале ҳоло ба онҳое, ки ваксина гирифтаанд, ҳаққи сафар медиҳад.

Абдусаттор Шарифов, як сокини вилояти Хатлон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 3-уми декабр ба Бахши дини маҳали зисташ муроҷиат кард, вале барояш гуфтанд, ки ҳанӯз иҷозаи сафарро надоранд.

Вай гуфт :

“Ду сол аст, ки интизор будам. Дар ҳама ҷо эълон шуд, ки ҳоло метавонем ба ҳаҷ равем, вале боз ба мо мегӯянд, ки сабр кунед. Сабабашро намегӯянд”.

Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки воқеан шаҳрвандони кишвар ҳаққи сафар ба Арабистони Саудиро пайдо кардаанд. Афшин Муқим, сухангӯи ин Кумита гуфт, “ҳоло корҳои омодагӣ идома дорад ва мо мунтазири тасмими ниҳоии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо COVID-19 ҳастем.”

Шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон, ду кишвари Осиёи Марказӣ аллакай сафар ба Арабистони Саудиро оғоз кардаанд.

Каъба дар Арабистони Саудӣ макони муқаддас барои мусалмонони дунё ҳисоб мешавад ва миллионҳо пайрави ин дин дар Ҳаҷи Умра ва Фарзӣ ба тавофи ин макон мераванд. Ҳаҷи Фарзӣ дар маросими Иди Қурбон иттифоқ меафтад, вале барои Ҳаҷи Умра сокинон дар вақти дилхоҳ метавонанд ба зиёрат бираванд.

Як мақомдори огоҳ аз ин мушкил, ки зикри номашро зарур надонист, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо далели номаълум Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубораза бо COVID-19 иҷозаи сафар ба зоиринро намедиҳад.

Вай гуфт :

“Ҳоло тариқи визаи электронӣ вақте санади ваксинаро сабт мекунед ва меҳмонхона мегиред, бароят Саудӣ виза медиҳад. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо COVID-19 бе ҳеҷ сабаб чунин иҷозатро намедиҳад, вале зоирони мо аз тариқи Русия сафар доранд”.

Кумитаи дин дар ҳоле, ки ҳанӯз барои таҳияи сафари шаҳрвандон ба Саудӣ омода нест, вале аз роҳи дигар сафари мустақилонаи шаҳрвандон ба ин кишварро мушкилофар медонад.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин гуфт :

“Воқеан аз ҷой доштани ҳолатҳои сафари инфиродии шаҳрвандон барои адои маросими Умра огоҳем. Онҳо бо гирифтани раводиди электронии Умра ё раводиди кориву тиҷоратӣ сафар мекунанд, ки назорати ин раванд тақрибан аз имкон берун аст. Дар умум, ин шакли сафарбаршавии ҳамватанони мо ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чандон ба суди кор нест ва метавонад мушкилотеро дар пай дошта бошад”.

То оғози пандемия солона аз Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор нафар барои Ҳаҷи Умра ва то 6 ҳазор нафар ба Ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мерафтанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад