Ваъдаи Путин барои таҳкими марзҳои Тоҷикистон

Президенти Русия гуфт, ки Маскав дар пасманзари таҳдиди Афғонистон чӣ гуна ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Президенти Русия гуфт, ки Маскав дар пасманзари таҳдиди Афғонистон чӣ гуна ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Кишвардори Русия Владимир Путин дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон сухан гуфт.

Чунин тадобирро, Маскав дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Афғонистон барои таҳкими марзҳои кишвари муттаҳид роҳандозӣ мекунад.

Президенти Русия қайд кард, ки :

Путин таъкид кард, ки пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти минтақа аст.

“Ман медонам, ки шумо низ бо низомиёни мо пайваста дар тамос ҳастед, вазъро назорат мекунед, ба низомиёни мо дар он ҷо кумак мекунед, то онҳо дар шароити муқаррарӣ зиндагӣ кунанд”.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада аст, ки :

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Русия муҳимтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ин изҳоротро раҳбари Тоҷикистон дар дидори дуҷониба дар Санкт-Петербург бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баён дошт.

Раҳмон дар суҳбат гуфт :

“Муносиботи байни кишварҳои мо дар ҳама самтҳо босуръат рушд мекунанд. Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад”.

Ба гуфти раисиҷумҳури Тоҷикистон, табодули коло миёни кишварҳо дар як сол 25 дарсад афзоиш ёфтааст, ки беш аз як миллиард долларро ташкил медиҳад.

Президенти Тоҷикистон афзуд :

“Ман омодаам, ки бо шумо вазъ ва дурнамои равобит ва ҳамкориҳои кишварҳоямонро баррасӣ кунам”.

Пештар низ дар хабарҳо омада буд :

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар маросими қабули эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Маскав расонаӣ кард.

Раисҷумҳури Русия афзуд :

“Бо дарназардошти вазъи душвори кишвари ҳамсояи Афғонистон Русия ба дӯстони тоҷик дар заминаи таъмини амният, аз ҷумла тавассути барномаи таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак хоҳад кард”.

Вай ҳамчунин гуфт, ки Русияву Тоҷикистон ҳамкории наздик доранд ва масъалаҳои доғи минтақаиро бо ҳам ҳамоҳанг мекунанд.

“Соли 2022 аз барқароршавии равобити дипломатӣ бо Тоҷикистон, дӯсти хуб ва муттаҳиди боэътимоди Русия 30 сол пур мешавад. Имсол дӯстони тоҷик раисии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро бар уҳда доштанд. Кишварҳои мо дар доираи ин сохторҳо, инчунин дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкории наздик доранд ва тасмимот дар масъалаҳои доғи минтақаиро ҳамоҳанг мекунанд”.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз эътимодномаи 20 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷиро қабул кард. Миёни онҳо сафири тозатаъйини Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ буд.

Маросими супурдани эътимоднома, тибқи анъана, дар толори Александри Кохи Кремлин сурат гирифт.

 

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад