Амрико Русияро ба “таҳримҳои бесобиқа” таҳдид кард

"Камала Харрис", муовини раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо як шабака, зимни такрори иддаои тадоруки Русия барои ҳамла ба Украина, ба Маскав дар бораи эъмоли таҳримҳои бесобиқа ҳушдор дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, иттиҳом заниҳои Амрико ва муттаҳидони ғарбии ин кишвар зидди Русия дар бораи Украина ва ҳамчунин таҳдидҳои ғарб алайҳи Маскав ҳамчунон идома дорад ва ин бор муовини раиси ҷумҳури Амрико дар ин бора изҳориназр кард.

Камала Харрис, дар мусоҳиба бо барномаи “Дар пешгоҳи миллат”-и шабакаи “CBS News”, бори дигар Русияро дар бораи эъмоли таҳримҳои шадид таҳдид кард.

“Маргарет Бреннан”, муҷрии ин барнома аз муовини Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико суол кард: «100 Ҳазор низомии Русия дар марзи бо Украина ҳузур доранд. Оё мо қарор аст шоҳиди як ҷанги оташин дар Аврупо тайи чанд ҳафтаи оянда бошем?»

Муовини раиси ҷумҳури Амрико дар ҷавоб ба ин суол гуфт: «хуби мо дар ҳоли анҷоми гуфтугӯҳои мустақим бо Русия ҳастем. Ҳамонтавр, ки медонед раиси ҷумҳур ахиран аз тариқи маҷозии дидор бо “Владимир Путин” дошт. Мо хеле возеҳ таъкид кардем, ки Русия набояд ба ҳокимияти Украина таҷовуз кунад ва инки мо бояд барои тамомияти арзии (Украина дар канори ин кишвар) биистем».

Камала Харрис идома дод: «мо дар ҳоли ҳамкорӣ бо муттаҳидонмон дар ин замина ҳастем ва омода ҳастем, ки таҳримҳое ки шумо то кунун шоҳидаш набудаедро эъмол кунем».

Муҷрии барномаи “Дар пешгоҳи миллат”-и шабакаи “CBS News” суол кард: «оё ин ба маънои таҳрим кардани мустақими шахси Владимир Путин аст?»

Нафари дувуми давлати Ҷо Байден дар ҷавоб гуфт: «ман дар бораи таҳримҳои хос суҳбат намекунам, аммо мо ин мавзӯъро барои ӯ (Владимири Путин) шаффоф кардаем ва мо гуфтугӯҳои мустақим (бо Русия) дорем ва ҳамчунин дар ҳоли ҳамкории бисёр наздик бо муттаҳидонмон ҳастем».

Ҳушдори тозаи ин мақоми аршади Вашингтон ба Маскав дар бораи эъмоли таҳримҳои шадид бо истинод ба иддаои тадоруки русия барои ҳамла ба Украина дар шароите анҷом шуда, ки мақомҳои Русия борҳо эълом кардаанд, ки ин кишвар қасде барои ҳамла ба Украина надорад.

Мақомҳои Маскав ҳамчунин ҳушдор додаанд, ки узвияти Украина дар НАТО хати қирмизи Русия аст ва ин кор табаоти ногувор барои амнияти Аврупо хоҳад дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад