Ихтисоси 2 миллион доллар аз ҷониби Русия барои ҳимояти ҷавонони тоҷик

Русия барои дастгирии ҷавонони тоҷик 2 миллион доллар ҷудо кардааст.

Русия барои дастгирии ҷавонони тоҷик 2 миллион доллар ҷудо кардааст.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар бораи оғози лоиҳаи нав дар якҷоягӣ бо БРСММ — «Такмили имкониятҳои ҷавонон тавассути рушди малакаҳои касбӣ ва пешбурди инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хабар дод, ки Русия барои татбиқи он 2 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа, ки татбиқи он аз 1-уми январи соли 2022 оғоз мешавад, бояд ҷавонони фаъоли Тоҷикистонро, ки ба болоравии касбӣ ва баланд бардоштани донишу малакаашон таваҷҷуҳ доранд, фаро гирад.

Игор Лякин-Фролов мегӯяд: «Ояндаи Тоыикистон махсусан аз ҷавонони имрӯзаи ин кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, Русия кӯшиш мекунад, ки духтарону писарони ҷавонро дар самти рушдашон, такмили маҳорати касбӣ ва ҳалли инноватсионӣ дастгирӣ намояд».

медиҳад Сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар доираи лоиҳа барои ҷавонони фаъоли тоҷик 350 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки ба талаботи муосири бозори меҳнат нигаронида шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад