Озодии ноҳияи Мастчоҳ аз лимити барқ

Дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35/10 КкВт оғоз гардид. Дар ин бора ҳокимияти ин ноҳия хабар додааст.

Дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35/10 КкВт оғоз гардид. Дар ин бора ҳокимияти ин ноҳия хабар додааст.
Манбаъ меафзояд, зеристгоҳи барқӣ бо маблағгузории филиали ҶСК шабакаҳои тақсимот ва интиқоли нерӯи барқи шаҳри Гулистон сохта мешавад. Ҳадафи сохтмони ин зеристгоҳ кам кардани сарбории зеристгоҳи барқии 3510 ва “Дилварзин-1” мебошад.
Гуфта мешавад, бо сохта шудани зеристгози мазкур дар ин минтақа як трансформатор бо тавоноии 16 кВа ва 4 адад чашмакҳои содиротӣ васлу насб мегарданд.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки :
Дар натиҷа бори зеристгоҳи барқии 3510 ва “Дилварзин-1” сабук гашта, сифати шиддат мувофиқи меъёр таъмин мегардад ва талафоти неруи барқ дар ин минтақа аз байн меравад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 12 адад зеристгоҳҳои барқӣ мавҷуд буда, ҳамасола ба аҳолӣ тавассути онҳо нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Қатъи интиқоли барқ дар кишвар аз нимаҳои моҳи сентябр шуруъ шуда, то ҳоло идома дорад.
Масъулони идораҳои тақсимоти барқ қаблан хомӯшкунии барқро ба ҷараёни таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои интиқоли барқ шарҳ дода, мегуфтанд, ин ҳама корҳои профилактикӣ буда, барои дар фасли сармо бе мушкил расонидани барқи доимӣ ба аҳолии роҳандозӣ аст.
Сокинон мегӯянд, барф ҳам бориду ҳаво ба таври қобили мулоҳиза сард шуд, вале ҳамоно мушкили қатъи барқ идома дорад.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :
Рустам Пӯлотов, раиси ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан мегӯяд, рӯзҳои охир муроҷиати сокинон аз шаҳру навоҳии Суғд доир ба мушкили қатъкунии интиқоли барқ ба унвонии ин идора бештар шудааст.
Тақсимоти барқ дар шаҳру навоҳии Суғд аз ҷониби ФҶСШ “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан танзим мешавад.
Пӯлотов гуфт, то кунун реҷаи барқрасонӣ номуайян боқӣ мондааст ва ин вазъ сокинонро водор намудааст, ки сабаби аслӣ ва реҷаи барқрасониро дақиқ намоянд.
Раиси ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан гуфт :
“Реҷаи барқрасониро Хадамоти фаврӣ – таъминотии ширкати “Барқи Тоҷик” муайян мекунад. Аз сабаби номуайян боқӣ мондани реҷаи барқрасонӣ сокинони зиёд муроҷиат мекунанд”.
Масъулони идораҳои тақсимоти барқ сабаби ин вазъро ба ҷараёни таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқинтиқолдиҳанда шарҳ медиҳанд.
Аммо ба саволи он, ки таъмир то чи вақти дигар идома мекунад, Рустам Пӯлотов танҳо гуфт, ки “ба ин савол бисёр ба ӯ муроҷиат мекунанд. Барои маълум намудани реҷаи барқрасонӣ ба унвони роҳбарияти “Барқи Тоҷик” мактуб ирсол намудем ва рӯзҳои наздик реҷаи барқрасонӣ муайян хоҳад шуд”.
Мушкили қатъкунии интиқоли барқ дар кишвар ҳанӯз дар оғози моҳи октябр шурӯъ шуда буд. Аммо дар ду ҳафаи охир вазъи барқрасонӣ дар шаҳру навоҳии кишвар боз ҳам мушкилтар шудааст ва сокинон деҳот ва ҳатто наздишаҳрӣ мегуянд рӯзона ва ҳам шабона барқи хонаҳо хомӯш карда мешавад.
Умар Шокиров, як сокини ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, бо сард шудани ҳарорати ҳаво барқрасонӣ ба деҳаи онҳо маҳдуд шудааст.
Шокиров изҳор намуд, ки :
“Дар деҳаи Кулангир рӯзҳои охир шабона, аз соати 23:00 гоҳе аз соати 22: 00 то 4:00 барқ қатъ мешавад. Рӯзона аз соати 8:00 то 17, гоҳе то 18:00 и бегоҳ аз рӯшноӣ бебаҳраем”.
Сокинони дигар навоҳии Суғд ҳам дар бораи мушкили қатъшаваии барқ дар хонаҳояшон таъкид меварзанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад