Путин: Русия артиши Тоҷикистонро таҷдид мекунад

Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар маросими қабули эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Маскав расонаӣ кард.

Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар маросими қабули эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Маскав расонаӣ кард.

Раисҷумҳури Русия афзуд :

“Бо дарназардошти вазъи душвори кишвари ҳамсояи Афғонистон Русия ба дӯстони тоҷик дар заминаи таъмини амният, аз ҷумла тавассути барномаи таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак хоҳад кард”.

Вай ҳамчунин гуфт, ки Русияву Тоҷикистон ҳамкории наздик доранд ва масъалаҳои доғи минтақаиро бо ҳам ҳамоҳанг мекунанд.

“Соли 2022 аз барқароршавии равобити дипломатӣ бо Тоҷикистон, дӯсти хуб ва муттаҳиди боэътимоди Русия 30 сол пур мешавад. Имсол дӯстони тоҷик раисии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро бар уҳда доштанд. Кишварҳои мо дар доираи ин сохторҳо, инчунин дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкории наздик доранд ва тасмимот дар масъалаҳои доғи минтақаиро ҳамоҳанг мекунанд”.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз эътимодномаи 20 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷиро қабул кард. Миёни онҳо сафири тозатаъйини Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ буд.

Маросими супурдани эътимоднома, тибқи анъана, дар толори Александри Кохи Кремлин сурат гирифт.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар тамоси телефонӣ масоили мухталиф аз ҷумлаи вазъияти марзи Тоҷикистон ва вазъи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин бора Дафтари матбуоти президентҳои ду кишвар рӯзи сешанбе хабар доданд. Владимир Путин, президенти Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ масъалаи таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Раисҷумҳури Русия, Путин дар суҳбат бо Раҳмон ӯро ба зодрӯзаш табрик гуфта, барои таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ба хусус дар расондани кумакҳои моддию техникӣ барои ҳифзи марз изҳори омодагӣ кардааст.

Дар хабар омадааст: “Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амният, бахусус таҳкими моддию техникии ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон бо назардошти авзоъи ахир дар ин кишвар изҳори омодагӣ кард.”

Қайд карда мешавад, марзи Тоҷикистон пас аз тасарруфи Афғонистон тавассути гуруҳи Толибон бо чолишҳои ҷиддӣ ру ба рӯ будааст ва ба андозае эҳсоси хатар шудааст, ки шахси президент беш аз 20 ҳазор неруро ба нуқтаҳои марзӣ фиристодааст ва шахсан ба минтақаҳои марзӣ сафар карда ва аз наздик бо ҳолатҳои омодабоши неруҳои низомӣ дар марз ошно шудааст ва прадаҳои низомӣ ҳам доир гаштааст.

Дар доираи эҳсоси хатар аз ҷониби Толибон ба марзи Тоҷикистон, гуфтушиндҳои сатҳи боло байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ва ниҳодҳову созмонҳои ҷаҳонӣ баргузор шудааст ва дар тамомии нишастҳо Тоҷикистон аз таҳдиди амнияти минтақа ва марзӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Ёдрас мешавем, ки дар ду нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳам, ки ба мизбонии Душанбе баргузор шуд, меҳвари ин нишастҳо ҳам вазъияти Афғонистон ва изҳори нигаронии Тоҷикистон будааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад