Оташ задани парчамҳои Амрико ва НАТО аз сӯи шаҳрвандони Юнон

Шаҳрвандони Юнонии муътариз ба ҳузури низомии Амрико дар ин кишвар бо барпоӣ тазоҳурот, парчамҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО-ро оташ заданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, шаҳрвандони Юнон дар тазоҳуроте ба афзоиши ҳузури низомии Амрико дар ин кишвар эътироз карданд.

Ба навиштаи хабаргузории “Анатолия”, сокинони шаҳри бандари “Александруполис”, дар шимоли Юнон рӯзи шанбе ин тазоҳурот алайҳи густариши низомии Амрико дар ин кишварро баргузор карданд. Тазоҳурот созмондаҳи шуда тавассути кумитаи мубориза алайҳи паймони низомии Юнон – Амрико бо мушорикати иттиҳодияҳои мухталифи коргарӣ, иттиҳодияи бознишастагон, иттиҳодияҳои донишҷӯи ва ҳамчунини шуъбаи маҳаллии кумитаи байналмилалии танишзудоӣ ва сулҳ баргузор шуд. Дабири кулли ин кумитаи байналмилалӣ, истифода аз бандари Александруполис тавассути артиши Иёлоти Муттаҳидаро маҳкум кард.

Дабири кулли ин кумита гуфт, ки ҳечкас наметавонад сирфан тамошогари ин воқеият бошад, ки шаҳр ва минтқаи шарқи Македония дар ҳоли табдил шудан ба як пойгоҳи империалистӣ аст.

Муътаризон дар ин тазоҳурот парчамҳои Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО-ро оташ заданд. Пеш аз ин низ эътирози дигаре ба муоҳидаи низомии Амрико ва Юнон ва густариши ҳузури низомии Амрико дар ин кишвар дар салони театри ин шаҳри бандарӣ баргузор шуда буд.

Як мақоми аршади собиқи нерӯи дарёӣ Юнон ва намояндагони иттиҳодияҳои мухталифи коргарӣ дар ҷамъи муътаризон суханронӣ карданд.

Иёлоти Муттаҳида ва Юнон, ахирани тавофуқномаи дифоӣ имзо карданд, ки ба нерӯҳои Амрико иҷоза медиҳад дар нуқоти мухталифи Юнон фаъолият кунанд. Равобити Туркия ва Юнон бар сари иддаоҳои марбут ба ҳарими дарёӣ ва ҳавоӣ дар ҳоли афзоиш аст дар ҳоле ки Анкара аз тавофуқномаи дифоӣ ҷадиди Афина бо Фаронса гилоя карда аст.

Юнон ахиран низ як тавофуқи дифоӣ бо Фаронса имзо карда аст, ки бо эътирози шадиди Туркия мувоҷеҳ шуд. Паймони роҳбурдии ҳамкории низомӣ ва дифои байни Юнон ва Фаронса шомили сифориши се зер дарёӣ аст. Ин зер дарёиҳо бояд аз соли 2025 таҳвил дода шаванд ва қарор аст то поёни имсол ба арзиши 3.5 миллиард доллар ниҳоӣ шавад. Дар моҳи сентябр, нерӯи ҳавои Юнон эълом кард, ки мехоҳад 6 ҷангандаи “Рафаел”-и дигар аз Фаронса харидорӣ ва маҷмӯъи сифоришро ба ҳудуди 30 ҷанганда бирасонад.

Як нашрияи юнонт ахиран дар матлабе ба мусобиқаи таслеҳотӣ байни Юнон ва Туркия пардохт ва навишт, ҳаводиси рӯзҳои гузашта наздики Юнон нишон дод, ки ҳар лаҳза мумкин аст як ҳодиса дар дарёи Эгей рух диҳад.

“Иван Ирланд”, таҳлилгари маркази сулҳ ва озодӣ дар мавриди ангезаи Амрико дар тавофуқи низомӣ бо Юнон гуфт: «мумкин аст Иёлоти Муттаҳида бихоҳад Туркияро таҳти фишор қарор диҳад то ба пойгоҳҳои бештаре дар ин кишвар даст ёбад, агар чӣ ин метавонад натиҷаи маъкӯс эҷод кунад ва боиси афзоиши ҳамкории Туркия ва Русия шавад.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад