Таҳдидҳои Афғонистон меҳвари мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири Бритониё

Бритониё ва Тоҷикистон чолишҳои таҳдидкунанда аз сӯи Афғонистонро якҷоя пешгирӣ мекунанд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе бо Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, сафири Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон бо хоҳиши ӯ дидору мулоқот кард.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки сиёсатмадори тоҷик нахуст сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик гуфта, дар ин ҷода ба ӯ комёбиҳо орзу кардааст.

Рустами Эмомалӣ ҳамкории байнипарлумониро аз омилҳои муассири тавсеаи муносибатҳои байни ду давлат арзёбӣ намудааст.

Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва илму маориф баррасӣ кардаанд.

Зимни баррасии масоили вобаста ба амнияти минтақа ва ҷаҳон бо назардошти вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ба зарурати тавсеаи ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими сарҳад ва тақвияти мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир таъкид карда шуд.

Манбаъ афзуд, дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки равобити мунтазами сиёсии сатҳи олӣ ва баланд ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни ду давлат заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистону Бритониё сӣ сол қабл барқарор шуда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад